Тафсир :Нигоҳе ба Ҳабдаҳумини камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Туркманистон
Ҳабдаҳумини камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистони26 ва 27 обон ( 17-ум 18-уми ноябр ) дар Ишқобод баргузор мешавад .
Меҳрдоди Базрпош "вазири роҳ ва шаҳрсозӣ ба ҳамроҳи намояндагони дастгоҳҳои иҷрои Эрон барои ҳузур дар камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Туркманистон ба Ишқобод сафар кардааст. Шонздаҳумин камиссиюни муштараки иқтисодии ду кишвар дар обони моҳи соли 1400 дар Теҳрони баргузор шуда буд. Тронзит ва ҳамлу нақли рейлӣ, бозорчаҳои марзӣ, таҳотири гази байни ду кишвар, табодули барқ, тиҷорат ва сармоягузорӣ ва мавзӯъоти банкӣ ва молӣ аз ҷумлаи мавзӯъоте аст, ки дар дастури кори Ҳабдаҳумини камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон қарор дорад.
Туркманистон танҳо кишвари Осиё Марказӣ аст, ки бо Эрон марзи заминӣ дорад ; ду кишвар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон бо доро бӯдани ҳудӯди 900 километри марзи заминӣ ва 300 километри марзи дарёӣ аз тариқи чаҳор марзи заминии Сарахс, Боҷгиро, Лутфобод ва Инчабурӯн бо якдигар дар иртибот мебошанд. Мавқеъияти Эрон ба унвони дарвозаи иттисоли кишварҳои Осиёи Миёна ба обҳои Халиҷи Форс ва Аврупо аз як сӯ мавқеъияти кишвари Туркманистон ба унвони дарвозаи вуруд ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин. нишон аз ҷойгоҳи мумтоз ва стротежикии ду кишвари минтақа дорад.
Равобити Эрон ва Туркманистон аз замони истиқлоли ин кишвари масири дустонаро тай карда ҳаст ва фақат чанд сол ба далели таҳримҳои аъмол шуда бар Эрон ва бадеҳиҳои газии Эрон ба он кишвар бо чолишҳоӣ мувоҷеҳ шуд, бо вуҷӯди ин, ба рӯй кор омадани давлати сездаҳуми Эрон ва имзои тафоҳумномаҳҳои муътаадиди ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ ва тиҷории байни Эрон ва Туркманистон, равобити ду кишвар рӯ ба афзоишаст, ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Туркманистони соли гузашта ( 1401 ) ҳудӯди 490 миллионн доллар буд, ки 460 миллионн доллар аз ин адади марбут ба содироти Эрон ва ҳудӯди 29 миллион доллар воридот аз он кишвар бӯдааст. Албатта ҳадафгузоре. ки сиёсатгузорони Эрон ва Туркманистон дар тиҷорати ду кишвари пешбинӣ кардаанд расидан ба адади 3 миллиард доллараст .
"Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ " Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ 25 хурдоди 1401 дар дидор бо "Сардор Бердимуҳаммадов " раиси Ҷумҳӯрии Туркманистон ва ҳайати ҳамроҳ, бо таъкид бар лузӯми фаъол шудани камиссиюни ҳамкориҳои муштарак миёни ду кишвар гуфтанд : Сиёсати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон. густариши равобит бо кишварҳои ҳамсоя аст.
Дар соли 2021 ҳамзамон бо сафарт " Сайид Иброҳими Раисӣ " раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Туркманистон қарордоди сеҷонибаи супҳ дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ( Эку ) ва бо ҳузур " Илҳом Алиев " раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо шуд, бар асоси ин тавофуқ , Туркманистон рӯзона 5 то 6 миллион метри мукаъаб газ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мефурӯшад, ин газ аз масири Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мунтақил хоҳад шуд . Эрон низ гази масрафии мавриди ниёзи худ дар панҷ устони кишварро аз ҳақи интиқоли ин газ бардошт хоҳад кард. Хадамоти фаннии муҳандисӣ низ яке дигар аз абъоди равобити иқтисодии Эрон ва Туркманистон аст, ки ҳамчунон метавонад бахши умдае аз ҳамкориҳои муштараки иқтисодии ду кишвар бошад.
Дар ду даҳаи ахир. Эрон дар пружаҳои умронӣ ва сохту созӣ Туркманистон нақш доштааст. Туркманистон ҳамчунин хоҳони истифода аз мавқеъияти транзитии Эрон аст ва дар нишасти " каридурҳои ҳамлу нақли транзитии байналмиллалӣ, иттисол ва тавсеа " ки июли 2022 дар Ишқобод баргузор шуд, пешниҳоди эҷоди ду масири байналмиллалии транзетии коло дар чаҳорчӯби кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ( Эку )-ро матраҳ кард. яке " каридури Қазоқистон, Узбекистон. Эрон " ва дигари " Тоҷикистон, Узбекистон ,Туркманистон, Эрон, Туркия " ки ҳар ду масир аз Эрон мегузарад.
Дар ин ҳоли Эрон дар заминаи маҳсӯлоти донишбунён ва дом ва туюр низ аз зарфиятҳои васеъи бархӯрдор аст ва метавонад ниёзи Туркманистонро посӯх диҳад ва Туркманистон низ имкони таъмини ниёзи Эрон дар таъмини маводи аввалия ҳамчун гандум, пахта, кӯд , гӯгирдро дорад. Бадеҳи аст, иштирокоти фарҳангӣ ва динӣ, марзҳои тӯлонӣ ва зарфиятҳои иқтисодӣ. заминаи ҳамкориҳои баланд муддати Эрон ва Туркманистонро фароҳам карда ва иродаи мақомоти ду кишвар низ дар ҳамин росто қарор дорад, бар ҳамин асос баргузарии Ҳабдаҳумин камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон метавонад ба тавофуқоти ҷаддид дар муносиботи иқтисодии ду тараф бианҷомад.
Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар ин бора гуфтааст дар Ҳабдаҳумин камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эронва Туркманистонисе санади ҳамкорӣ дар ҳавзаи газ, барқ ва ҷода ва як ёддошти тафоҳум низ дар хусӯси кулияи фаъолиятҳои муштараки ду кишвар имзо хоҳад шуд .