Ноябр 18, 2023 18:13 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Ҳамла ба бемористонҳо моҳияти ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро ошкортар кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамла ба бемористонҳоро бо ҳамаи мавозини ҳуқуқи башарӣ, ҳуқуқи байналмилал ва конвенсияҳои Женева дар таоруз хонд ва гуфт, ки ҳамла ба бемористонҳо моҳияти ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро ошкортар кард.

Носири Канъонии Чофӣ имрӯз (шанбе) дар шабакаи иҷтимоии "Х" дар бораи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба бемористонҳо дар Борикаи Ғазза навишт: Баъд аз шикасти мақомоти режими Исроил дар исботи иддаоҳои дуруғини худ дар бораи бемористони Шифо, артиши ин режим ҳамалоти худро ба дигар бемористонҳои Ғазза аз сар гирифт.

Канъонии Чофӣ афзуд, ҳамла ба бемористонҳои Урдуну Индонезия, ҷилваи дигаре аз хуи таҷовузкорона ва ваҳшигарии режимро нишон дод.

Вай тасреҳ кард, ҳамла ба бемористонҳо бо ҳамаи мавозини ҳуқуқи башарӣ, ҳуқуқи байналмилалу конвенсияҳои Женева дар таъоруз асту моҳияти ҷинояткоронаи ин режимро назди ҷаҳонёни ошкортар мекунад.

Ашраф Алқадра, сухангӯи вазорати беҳдошти Фаластин дар Борикаи Ғазза рӯзи ҷумъа гуфт, ки исроилиҳо бемористони Шифоро ба пойгоҳе барои амалиётҳояшон табдил кардаанд.

Ба гуфтаи вай, худравҳои низомии артиши Исроил аз муҷовирати бемористони Шифо "такон нахурдаанд" ва теъдоди зиёде аз низомиёни режим дар ҳоли ҷустуҷӯи зерзамину табақаи ҳамкафи бемористон ва ҳамчунин бахши ҷарроҳии он ҳастанд.

Ҳудуди  12 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 29 ҳазор нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд, ки бинобар бар эъломи вазорати беҳдошти Фаластин бештари маҷрӯҳон кӯдаку зан ҳастанд.

 

Барчасп