Оё Исроил бо ҳамла ба Лубнон маҳв мешавад?
(last modified Sun, 23 Jun 2024 15:46:23 GMT )
Июн 23, 2024 20:46 Asia/Dushanbe
  • Оё Исроил бо ҳамла ба Лубнон маҳв мешавад?

Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии ахири худ, ки ба муносибати шаҳодати Толиб Соми Абдуллоҳ (ҳоҷи Абутолиб), фармондеҳи майдонии Ҳизбуллоҳ, анҷом дод, таъкид кард, таҳдиди ҷанг алайҳи Лубнон, моро наметарсанд ва набояд моро битарсанд, чаро ки душман ба хубӣ медонад, ки мо худро барои сахттарин рӯзҳо омода кардаем ва ба хубӣ медонад чӣ чизе дар интизораш аст.

Дар пайи суханронии дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон,  Абдулбори Атвон, таҳлилгари маъруфи ҷаҳони араб ба воковии ҷадидтарин суханронии Саидҳасан Насруллоҳ пардохт ва бар омодагии болои муқовимати Лубнон барои посух ба ҳар гуна ҳамоқати режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Атвон дар матлабе дар рӯзномаи “Рой ал Явм”, овардааст: Агар бихоҳем аҳаммияти суханронии Саидҳасан Насруллоҳро бидонем бояд ба се вокуниши асосӣ ба ин суханронӣ ишора кунем:

Нахуст вокуниши Никос Кристодулидес, раисиҷумҳури Кипр, ки билофосила пас аз поёни суханронии Насруллоҳ, ҳар гуна мушорикати кишвараш дар иқдоми хасмона алайҳи Лубнонро рад кард.

Дувум, иҷмоъи расонаҳои саҳюнист, таҳлилгарон ва ҳамчунин женеролҳои артиши режими Исроил, мабнӣ бар инки ин режим бо авзоъи амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва равонии бадтар аз ҳар замони дигаре рӯбарӯ аст ва инки паҳподҳои Ҳизбуллоҳ хатарноктар аз мӯшакҳо ҳастанд, бавижа пас аз маъмурияти муваффақиятомези паҳподи «Ҳудҳуд», ки ҳамаи радарҳо ва хутути дифои ҳавоӣ ва заминии режими Исроилро бидуни раҳгирӣ шудан рад кард ва пас аз тасвирбардорӣ ва ба даст овардани «ганҷе аз аҳдоф» дар шимоли Фаластини ишғолӣ, ба пойгоҳи худ дар ҷануби Лубнон бозгашт.

Сеюм, мақолаи Томас Фирдман, рӯзноманигори машҳури амрикоӣ дар рӯзномаи Ню-Йорк Таймс аст, ки дар он изъон кардааст: «Исроиле, ки мешинохтем рӯ ба завол аст ва дар ҳоли ҳозир бо эҳтимол тақрибан қатъии ҷанг дар се ҷабҳаи Ғазза, Лубнон, Каронаи Бохтарӣ ва қудрати бузурге ба номи Эрон рӯбарӯ аст, ки бо истифода аз бозуҳои низомии худ дар минтақа ба дунболи аз байни бурдани Исроил аст».

Вай дар ин мақола ҳушдор дода, ки кабинаи Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, Амрикоро вориди ҷангк дар Ғарби Осиё хоҳад кард, ки натоиҷи он ба нафъи Чин ва Русия аст.

Атвон дар матлаби худ бо ишора ба инки ин нахустин боре аст, ки Насруллоҳ, Кипрро таҳдид ба ҳамлаи мустақим ва задани фурудгоҳҳо ва зерсохтҳои он карда, хотирнишон кард: Иллати таҳдиди Кипр иттилооти дақиқе аст, ки расадгарони муқовимат ба даст овардаанду ҳокӣ аз баргузории размоише дар апрели гузашта дар манотиқи кӯҳистонии Кипр аст, ки авзоъи ҷуғрофиёии шабеҳи ҷануби Лубнон дорад, ҳамчунин ба даст овардани иттилооте, ки ҳокӣ аз тавофуқи маҳрамона бо Кипр барои гушӯдани фурудгоҳҳояш ба рӯи ҷангандаҳои исроилӣ ва низ ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар сӯрате, ки фурудгоҳҳои режими Исроил дар натиҷаи ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ нобуд шавад, аст.

Ба навиштаи ин таҳлилигари араб, женеролҳои исроилӣ тайи даҳ соли гузашта тавони мушакии Ҳизбуллоҳро расад карда, аммо «Ҳудҳуд»-и Ҳизбуллоҳ ва рахнаи хориқулодаи он ба шимоли Фаластини ишғолӣ, онҳоро мутаваҷҷеҳи ҳақиқати тарсноке ба номи силоҳи паҳподии Ҳизбуллоҳ ва насли ҷадиди он кард, ки аз суръати бесобиқае бархӯрдор аст ва дар иртифоъоти бисёр поин ҳаракат мекунад, ки радарҳо онро расад намекунанду муҷаҳҳаз ба сарҷангии бо қудрати инфиҷории боло ва дурбинҳои расаду тасвирбардории олӣ аст.

Атвон бо ишора ба инки мавзеи муқовимат дар ҷануби Лубнон қавитар аз ҳар замоне аз ҳайси рӯҳӣ ва таслеҳотӣ аст, навишт: Гувоҳи ин муддао рафтани дасти холии Амос Хокштейн, фиристодаи Амрико ба Лубнон аз Бейрут ва мавзеи мунсаҷими лубнониҳо дар баробари диктаҳои Амрико аст.

Ин таҳлилгар дар идома бо ишора ба таҳдиди Йоав Галлант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ҳизбуллоҳ, навишт: Мо аз ин таҳдидот зиёд шунидаем, агар Галлант тавони иҷроӣ кардани ин таҳдидотро дорад, пас бифармоед анҷом диҳад ё сукут кунад. Итминон дорем, ки Тел Авив қабл аз инки нахустин мӯшак ба  Бейрут шиллик шавад, аз рӯи нақша маҳв мешавад.