Содироти маҳсулоти кишоварзии шимолӣ Эрон ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Nov 2023 06:58:05 GMT )
Ноябр 27, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Содироти маҳсулоти кишоварзии Шимолӣ Эрон ба Тоҷикистон
    Содироти маҳсулоти кишоварзии Шимолӣ Эрон ба Тоҷикистон

Сарпарасти мудирияти Ҷаҳоди кишоварзии Ҷуйбор дар шимолӣ Эрон аз содироти чаҳор ҳазору 600 тон маҳсулоти кишоварзӣ аз ин шаҳристон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вижа Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, кишоварзони ин шаҳристон то кунун иқдом ба содироти ҳазору 987 тон маҳсули норингӣ ва ду ҳазору 300 тон маҳсули пуртиқол ба кишвраҳои ҳадаф шомили  Русия, Ироқ, Иморот, Тоҷикистон, Узбекситон ва Афғонистон карда ва ин раванд ҳамчуон дар ҳоли анҷом аст.

Муҳаммад Раҳимӣ афзӯд: Поёнаи содироти маҳсулоти кишоварзии  Ромак Густар Порс мустақар дар ин шаҳристон низ дар содироти анвоъи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла киви, капуст, карафс, шафтолӯ, олӯ фаъолият мекунанд ва то кунун беш аз 800 тон аз ин маҳсулотро ба кишвраҳои Ҳинд, Русия, Узбекистон ва Қатар содир ва ҳамчунон дар ҳоли идомаи раванди кор аст.