Ҳадафгузории тиҷорати 500 миллиондолларии Эрону Тоҷикистон
(last modified Wed, 29 Nov 2023 05:38:58 GMT )
Ноябр 29, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафгузории тиҷорати 500 миллиондолларии Эрону Тоҷикистон

Мудири кулли дафтари Осиёи Миёнаи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт, ки бар асоси ҳадафгузории сӯратгирифта тиҷорати ду кишвари Эрону Тоҷикистон бояд ба 500 миллиондоллар афзоиш пайдо кунад.

Ба гузориши ИСНА, мудири кулли дафтари Осиёи Миёнаи Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар ҳамоиши муаррифии зарфиятҳои сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон изҳор кард,  дар ҳафт моҳи имсол ҳудӯди 133 миллиондоллар колои ғайри нафтӣ ба кишвари Тоҷикистони содир шуда, ки нишондиҳандаи рушди ҳудӯди 75 дарсадӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи сол гузаштааст. Воридоти Эрон аз Тоҷикистон ҳам бо коҳиши ҳашт дарсадӣ ба 35 миллион доллар расидааст.

Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш изҳор кард, тиҷорати ду кишвар дар даврае ҳатто ба 500 миллиондоллар ҳам расидааст. Аммо тайи солҳои гузашта шоҳиди уфӯли равобити ду кишвар будему ҳоло мушкилоти қаблӣ ҳал шуда ва шоҳиди густариши таъомулоти тиҷории ду кишвар ҳастем.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳам дар ин ҳамоиш бо ишора ба беҳбуди таъомулоти тиҷории ду кишвар тайи се соли гузашта, тасреҳ кард, тиҷорати ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар давлати сездаҳуми Эрон то 5 баробар афзоиш ёфта ва ин ҳосили иродаи ду кишвар бар афзоиши муносиботи тиҷорӣ аст.
Зоҳидӣ гуфт, ду кишвари ҳамзабон аз зарфиятҳои муносибе барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақлу ғайра бархӯрдор ҳастанд, ки ҳануз аз ин мавқеъиятҳо баҳрабардории лозим сӯрат нагирифтааст.

Вай ҳамчунин саноати доруӣ, маъданӣ ва нерӯгоҳиро аз саноати ҷаззоб дар Тоҷикистон унвон кард ва гуфт, ба дунболи ин ҳастем, ки кишвари худро ба як кишвари саноатӣ табдил кунем. Барои расидан ба ин ҳадаф ба сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтае мисли Эрон ниёз дорем.

Зоҳидӣ ҳамчунин бо баёни инки дар Тоҷикистони 600 маъдани кашф шуда вуҷӯд дорад, ки танҳо 50 то 60 мавриди онҳо мавриди истифода қарор гирифта, идома дод, кишвари мо зарфиятҳои бисёре дар ин ҳавза дорад ва ҷои холии ҳузури сармоягузорону мутахассисони Эрон дар ин бахш эҳсос мешавад.