Ноябр 29, 2023 17:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ:  “Тӯфони Алақсо” тавонист ҷадвали сиёсатҳои Амрико дар минтақаро баҳам бирезад
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: “Тӯфони Алақсо” тавонист ҷадвали сиёсатҳои Амрико дар минтақаро баҳам бирезад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз басиҷиёни саросари Эрон ҳодисаи таърихсози “Тӯфони Алақсо”-ро алайҳи режими саҳюнистӣ ва бо рӯйкарди Амрикозудоӣ унвон карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор гуфтанд: “Тӯфони Алақсо” тавонист ҷадвали сиёсатҳои Амрико дар минтақаро баҳам бирезад ва иншоаллоҳ идома пайдо кунад, ҷадвалро маҳв хоҳад кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: Ҳаракати ваҳшиёна ва бераҳмонае ки режими саҳюнистӣ дар ҷиноят алайҳи мардуми Ғазза анҷом дод, на фақат обрӯи худи режим, обрӯи Амрико ва обрӯи кишварҳои маъруфи аврупоиро бурд, балки обрӯи тамаддуну фарҳанги Ғарбро ҳам бурд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо баёни ин ки фарҳангу тамаддуни Ғарб ҳамон тамаддуне аст, ки вақте бо бомбаи фосфорӣ панҷ ҳазор кӯдакро шаҳид мекунад, режими фалон кишвари ғарбӣ мегӯяд, Исроил дорад аз худаш дифоъ мекунад, афзуданд: Ин дифоъ аз худ аст? Фарҳанги Ғарб ин аст; дар ин қазия фарҳанги Ғарб беобрӯ шуд.

 

Барчасп