Рӯнамоӣ аз шиновари зерсатҳи бидуни сарнишини неруи дарёии артиши Эрон
Шиновари зерсатҳи бидуни сарнишини “ ROV” дар Намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва фановарии неруи дарёии артиш Эрон рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва фановарии неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ( шанбе) бо ҳузури сарлашкар Сайидабдурраҳим Мусавӣ- фармондеҳи кулли артиш ва дарёдор Шаҳроми Эронӣ-фармондеҳи неруи дарёӣ ва ҷамъе аз мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ дар Теҳрон ифтитоҳ шуд.
Ин шиновар қобилияти шиносоӣ, кашф ва нобудии минаҳои лингарӣ ва кафхоб ва қобилияти ҳамли маҳмула ҷиҳати поксозиро дорад.
Шиновар то 200 метр умқ тавони амалиёт дорад ва ҳамчунин 24 соат мудовимати дарёнавардӣ дорад ва барои нобудии навъҳои гуногуни минаҳои дарёӣ ба кор гирифта мешавад.
Ҳамчунин имрӯз (шанбе) аз паҳпода амудпартоби Чамруш-4 рӯнамои шуд; Ин паҳпод бо қобилияти амудпартоб метавонад ба роҳатӣ аз анвоъи шиноварҳои нируи дарёӣ ба парвоз даромада ва маъмуриятҳои муҳавваларо анҷом диҳад.
Истифода аз таҷҳизоти бидуни сарнишин дар сатҳи артишҳои ҷаҳон дар солҳои ахир пешрафти чашмгире дошта ва неруҳои мусаллаҳи Эрон низ бо ҳамкории Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳ ва ширкатҳои донишбунён ва марокизи илмӣ ва донишгоҳӣ дар ин арса ба дастовардҳои чашмгире расидаанд.