Ташкили эътилофи ҷаҳони дар баробари зургуиҳои Амрико ва ғарбиҳо
Раиси Ҷумҳурии Куба ва ҳайати ҳамроҳ асри имруз душанбе бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари инқилоби исломӣ дидор карданд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари инқилоби исломӣ асри имруз дар дидори оқоӣ Мигел Диас-Канел раиси Ҷумҳурии Куба ва ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба зарфиятҳои фаровони сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар таъкид карданд: Бояд аз ин зарфиятҳо барои ташкили як иттиҳод ва эътилофи миёни кишварҳое ки дар қиболи зургуиҳои Амрико ва ғарбиҳо дорои мавзеи яксон ҳастанд истифода шавад ишон афзуданд: Ин эътилоф бо тамаркуз бар ҳамкориҳои иқтисодӣ, метавонад дар мавриди масоили муҳими ҷаҳонии ҳам чун мавзуи Фаластин мавзегирии муштарак ва таъсиргузор дошта бошад.
Раҳбари инқилоби исломӣ дар хусуси масоили Фаластин хотирнишон карданд: Мавзуи Фаластин фақат марбут ба қазоёии ахири Ғазза ва бомбаборонҳо нест зеро мардуми Фаластин дар тӯлии 75 соли гузашта ҳамвора таҳти анвоъи шиканҷаҳо ва ранҷҳо ва кушторҳо буданд аммо акнун фоҷеъа дар Ғазза онқадр бузургаст ки воқеият барои афкори умумии ҷаҳон бармало шуд ва имкони пинҳон кардан он вуҷуд надорад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мавозиъи раиси Ҷумҳурии Куба дар бораи масоили ҷаҳонӣ ба хусус мавзуи Фаластинро ҳамсу бо мавозиъи Ҷумҳурии Исломи хонданд ва бо ишора ба ҳамкориҳои ду кишвар дар маҷомеъи байналмилалӣ афзуданд: Бояд равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла ҳамкории илмӣ, беш аз пеш тақвият шавад ва умедворем бо тавваҷуҳ ба ин ки давлати ҷаноби оқои Раисӣ, давлати кору фаъолият аст тафоҳумҳо ва тавофуқҳо ба пеши раванд ва ба марҳалаи иҷро ва иқдом барисанд.
Ишон ҳамчунин бо ишора ба дидори 22 соли пеши худ бо оқоӣ Фидел Кастро раҳбари фақид Куба гуфтанд: Инқилоби Куба ва шахсияти оқои Кастро аз пеш аз пирузии инқилоби исломӣ ҳамвора барои инқилобиюни Эрони ҷаззобияти хос дошт ва далели он ҳам садоқат дар мавозиъи инқилобии вай буд.
Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Садоқати инқилобӣ, истодагии инқилобӣ ва ҷиддияти инқилобӣ, ваҷҳи муштараки инқилоби Куба ва инқилоби исломӣ Эрон аст.
Дар ин дидор ки ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисӣ раиси ҷумҳур низ ҳузур дошт оқои Мигел Диас-Канел раиси Ҷумҳурии Куба зимни ибрози хурсанди аз дидор бо раҳбари инқилоби исломӣ суханон ва мавозиъи ишонро ҳам ҷиҳат бо дағдағаҳо ва мавозиъи давлат Куба донисту гуфт: Равобити Эрон ва Куба баъд аз пирузии инқилоби исломӣ дар масири саҳеҳӣ қарор дошта ва дар гуфтугуҳои худ дар Теҳрон тамоми талошҳоро барои таъмиқи ин равобит ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ мутамарказ кардем.
Оқои Мигел Диас-Канел дар мавриди қазоёии Фаластин ва Ғазза гуфт: Ончи ки имруз дар Ғазза иттифоқ меуфтад як наслкушии ғайри қобилиқабул аст ва созмонҳои байналмилалӣ чашмони худро дар баробари куштори даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Ғазза ки ду сеюм онҳо кудакон ва занон ҳастанд бастанд ва таъаҷҷубовар ин аст касоне ки аз ҷанги Украин ва Русия ва куштори ғайри низомиёни доимани шикоят мекарданд акнун дар баробари куштори даҳҳо ҳазор нафар дар Ғаззаи сукут карданд ва ин нишондиҳандаи вазъи бисёр бади ҷаҳон аст.