Декабр 05, 2023 11:37 Asia/Dushanbe
  • Нақши Эрон дар таҳаввулоти Фаластин
    Нақши Эрон дар таҳаввулоти Фаластин

Сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо маҳкум кардани иттиҳомоти беасоси намояндаи Британия алайҳи Эрон дар нишасти Шӯрои амният таъкид кард: Британия нақше асосӣ дар ранҷу нороҳатии тӯлонимуддати мардуми Фаластин доштааст.

Ториқ Аҳмад, мақоми бритониёӣ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи Фаластин бо иттиҳомпароканӣ дар бораи нақши Эрон дар таҳаввулоти Фаластин иддао кард, ки таҳдидҳои ношӣ аз гуруҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар Ғарби Осиё қобили қабул нест.

Амир Саиди Иравонӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал дар номае ба Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ ва ҳамчунин сафири Эквадор дар Созмони Милал ба унвони раиси давраии Шӯрои амният навишт, иттиҳомоти беасоси намояндаи Британия алайҳи Эронро дар ҷаласаи тавҷеҳии ошкори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки дар 29 ноябри 2023 таҳти унвони вазъияти Ғарби Осиё, аз ҷумла Фаластин баргузор шуд, ба шиддат маҳкум ва рад мекунам.

Дар ин нома омадааст: Ториқ Аҳмад, вазири кишвари Британия дар суханони худ дар ин нишаст, зимни нодида гирифтани масъулияти кишвари худ дар шароити кунунии Ғарби Осиё ва сиёсатҳои бесқботкунандаи Британия талош кард, Ҷумҳурии исломии Эронро муқассир ҷилва диҳад.

Сафири Эрон дар СММ тасреҳ кард, Британия нақше асосӣ дар ранҷу нороҳатии тӯлонимуддати мардуми Фаластин доштааст, решаҳои шуми ин мусибатро метавон дар баёнияи Болфур ҷустуҷӯ кард, ки нишондиҳандаи оғози наздик ба як қарн сахтӣ барои фаластиниён аст.

 

Барчасп