Раисӣ дар дидор бо Путин: Роҳи ҳалли фаврӣ барои оташбас дар Ғазза зарурӣ аст
(last modified 2023-12-08T13:25:42+00:00 )
Декабр 08, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар сафаре якрӯза ба даъвати Путин ба Русия  сафар карда буд
    Раисӣ дар сафаре якрӯза ба даъвати Путин ба Русия сафар карда буд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо раиси ҷумҳурии Русия бар зарурати гирифтани роҳи ҳалли сареъ ва фаврӣ барои оташбас дар Ғазза таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки рӯзи гузашта ба манзури анҷоми сафаре якрӯза ба даъвати раиси ҷумҳурии Русия ба ин кишвар сафар карда буд, ба Теҳрон бозгашт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба даъвати Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва дар садри ҳайати олирутбаи сиёсиву иқтисодӣ ба Маскав сафар карда буд, имрӯз (ҷумъа) ба Теҳрон бозгашт.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар Маскав дидору гуфтугӯ кард.

Раисӣ дар ин дидор бо баёни ин ки дар ростои сиёсати ҳамсоягӣ музокироти Теҳрон - Маскав метавонад тавсеа пайдо кунад, гуфт: Эрону Русия ҳамкории хубе дар ҳавзаи энержӣ, кишоварзӣ ва кори донишбунён доранду гомҳои беҳтаре метавонад дар ҷиҳати манофеи ду кишвар ва давлат бардошта шавад.

Раисӣ гуфт, ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Ғазза мавриди ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аст ва таассуфбор аст, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ташаккулҳои муддаии ҳуқуқи инсон короии худро аз даст додаанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар куштори занону кӯдакони бегуноҳи Ғазза таъкид кард: Ҳарчӣ зудтар пеши ин бомбаборонҳо гирифта шавад ва дар ин робита роҳи ҳалли фаврӣ дунбол шавад.

Путин дар идома гуфт, бар тибқи барнома, имзои мувофиқатномаи эҷоди тиҷорати озод бо Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳайати иқтисодии АвруОсиё дар барномаи Русия аст.

 

Барчасп