Декабр 09, 2023 18:28 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Сайёрӣ: Эрон ба хатти тавлиди анбуҳи новшикан ва зердарёӣ расидааст

Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дирояту талоши мутахассисони дохилӣ ба тавлиди анбӯҳи анвоъи новшикану зердарёӣ расидааст.

Доктаринаи дифоии Эрон асосан мубтанӣ бар асли боздорандагӣ тавсеа ёфтааст, барои эҷоди боздорандагии воқеӣ, доштани тавоноии низомӣ ва таслеҳотии муътабар ва дар ихтиёр доштани неруҳои мусаллаҳи қудратманду муҷаҳҳаз нақши асосӣ дорад.

Ба гузориши ИРНА, адмирал Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ бо таъкид бар қудрати ҳавонирӯз, новгони пурқудрати Эронро дар минтақаи ғарби Осиёро марҳӯни ҳиммату дониши ҷавонони минтақа донист ва таъкид кард, рӯнамоӣ аз сомонаҳои падофанди ҳавоӣ дар кишвар мунҷар ба қудрат шудааст.

Адмирал Сайёрӣ афзуд, имрӯз Эрон хати тавлиди новшикан ва зердарёӣ дорад, ки мӯҷиби ифтихор аст.

Вай бо баёни инки нерӯи ҳавоии Ҷумҳурии исломӣ, бузургтарин новгони ғарби Осиёро дорад, изҳор кард, бо вуқуъи Инқилоби Исломӣ ҳайманаи пӯшолии истикбору Амрико дар минтақа аз байн рафт.

 

Барчасп