Тавсеаи равобит : Меҳвари дидори мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон
(last modified Mon, 11 Dec 2023 08:53:24 GMT )
Декабр 11, 2023 13:53 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобит : Меҳвари дидори мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманист
    Тавсеаи равобит : Меҳвари дидори мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманист

Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ҳошияи конфаронси байналмиллалии « гуфтугӯ : Замонати Сулҳ » бо вазири хориҷаи Туркманистон дидор карда ва дар хусӯси ҷазби густардае аз масоили марбӯт ба тавсеаи равобити дуҷониба, табодул назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе ; « Ризои Наҷафӣ » муовини вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури ширкат дар конфаронси байналмилалӣ « Гуфтугӯ : Замонати Сулҳ » ، дар Ишқобод, ҳузур дорад. дар дидор бо « Рашид Муродов » ، вазири умӯри хориҷаи Туркманистон бар аҳамияти сафар ва дидорҳо дар сутӯҳи боло ва  олӣ дар тақвияти гуфтугӯҳои  сиёсии созанда ва  қобили эътимоди байни ду кишвари дӯст таъкид карданд.

Ҳамчунин, дар ин дидор, баррасии тавсеаи равобити тиҷорӣ ва  иқтисодии ҳамкориҳои Эрон ва  Туркманистон дар ҳавзаи газ. энержӣ ва  ҳамлу нақл мавриди тавваҷуҳ қарор гирифта ва дар ин росто. тарафайн бар аҳамияти маҷмӯъи рӯйдодҳо ва  ҷаласоти тиҷорӣ ва  иқтисодӣ ки дар ноябри соли ҷории мелодӣ дар Ишқобод баргузор шуд, таъкид карданд.

Тарафайн бо таваҷҷӯҳ ба ин,ки яке аз заминаҳои калидии равобити Эрон ва Туркманистонро ҳамкориҳои фарҳангӣ ва  башардӯстонаи мубтанӣ бар суннатҳои муштараки торихӣ,  фарҳангӣ ва маънавии ду миллат ташкил медиҳад,  дар ин дидор бар лузӯми густариши бештари равобити фарҳангии байни ду кишвар таъкид карданд.

Бештар бихонед: