Зарғомӣ: Лағви раводиди 32 кишвар ба тасвиби давлати Эрон расид
(last modified Wed, 13 Dec 2023 09:17:10 GMT )
Декабр 13, 2023 14:17 Asia/Dushanbe
  • Зарғомӣ: Лағви раводиди 32 кишвар ба тасвиби давлати Эрон расид

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон гуфт, пешниҳоди ин вазоратхона барои лағви раводиди 32 кишвар дар ҳайати давлат ба тасвиб расид.

Иззатуллоҳи Зарғомӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, Ҷумҳурии исломӣ нишон дод, ки омодагӣ дорад дарҳоро ба рӯи мардуми дунё боз кунаду тасҳилоти бештаре барояшон фароҳам кунад то мардуми дунё битавонанд ба роҳатӣ ба кишвари мо биёянд ва аз мазиятҳои он истифода кунанд дар канори он бисёре аз таблиғоти манфӣ, овозаҳои ва Эронҳаросӣ, ки имрӯз яке аз тарфандҳои низоми истикборӣ аст, хунсо шавад.

Вай дар идома гуфт, баргузории намоишгоҳи “Шикваи порс”, даймоҳ дар Пекин баргузор мешаваду муҷаввизи хурӯҷи ёздаҳ қалам шайъи таърихии арзишманд аз давраи асри оҳан то давраи Сафавия, ки ашёи бисёр арзишманде ҳастанд бо муроқибати комили содир шуда ва муқарар шуд, ки давлати Чин ин ҳазинаҳоро тақаббул кунад.

Зарғомӣ афзуд, ин намоишгоҳ таъриху тамаддуни Эронро ба кишвари бузурги Чин муаррифӣ мекунад ва дар ҷазби гардишгарони чинӣ, ки бозори муҳиммӣ аст, таъсиргузор аст ва нақши муҳимме хоҳад дошт ва мутақобилан бар асоси тафоҳуме, ки бо Чин доштем намоишгоҳе ҳам онҳо дар мӯзейи миллии Эрон баргузор хоҳанд кард, баргузории ин намоишгоҳ барои муаррифии таъриху тамаддуни Эрону тарвиҷи мазиятҳои нисбии кишварамон дар ҳавзаи гардишгарӣ бисёр муассир аст.