Судӯри эълони қирмиз барои террористҳои ҳодисаи Роск
(last modified Sat, 16 Dec 2023 13:37:47 GMT )
Декабр 16, 2023 18:37 Asia/Dushanbe
  • Судӯри эълони қирмиз барои террористҳои ҳодисаи Роск

Сухангӯи фармондеҳии кулли интизомии кишвар аз ройзаниҳои густардаи амниятӣ, интизомӣ ва дипломатӣ дар хусӯси бархӯрди муассир бо террористҳои ҳодисаи мақари интизомии шаҳристони Роски устони Систон ва Балӯчистони Эрон хабар дод.

Бомдоди рӯзи ҷумъаҳ(  15 декабри 2023) террористҳо ба мақари интизомӣ дар шаҳристони Роск (ҷануби шарқи Эрон), ҳамла карданд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ 12 нафар аз афсарони интизомӣ ва сарбозони вазифаи мақари интизомии шаҳристони Роск ба шаҳодати расида ва теъдоде ҳам захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, сардор Саидмунтазир Ал Маҳдӣ, сухангӯи фармондиҳии кулли интизомии кишвар бо ишора ба ҳамлаи террористҳо ба мақари интизомии шаҳристони Роск гуфт, бо таъомулоту ройзаниҳое, ки бо мақомоти марзӣ ва интизомии кишвари Покистон доштем, бархӯрди қотеъ бо террористҳо дар дастури кор қарор гирифту вазорати умӯри хориҷа ройзаниҳои дипломатӣ барои маҳкӯмияти байналмилалии ин иқдоми ноҷавонмардонаро оғоз кард, ки мунҷар ба вокуниши Созмони милал шудааст.

Вай афзуд, полиси байналмилали Фароҷо бо дипломатии интизомии муассир ба пайгарди байналмилалӣ аз тариқи Интерпол ва судӯри эълони қирмиз барои террористҳо иқдом кардааст.

Сардор Саидмунтазир Ал Маҳдӣ ҳамчунин гуфт, ин ҳушдоре ибратомӯз барои террористҳост, ки бидонанд мардуми Систон ва Балӯчистон ва Фароҷо дар канори ҳам амнияту оромишро бо мушорикати ҷамъӣ хоҳанд сохт ва ҳеҷ ҷои амне барои террористҳо дар ин сарзамин вуҷӯд надошта ва дар кӯтоҳтарин замони мумкин ба сазоӣ аъмолашон хоҳанд расид.