Декабр 23, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Интихобот, пояи таҳаввул ва роҳи ҳалли мушкилот аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори пуршӯри ҳазороннафар аз мардуми устонҳои Хузистон ва Кирмони Эрон, интихоботи якуми марти 2024-ро бисёр муҳим, таъйинкунанда, роҳи ҳалли мушкилот ва заминасози таҳаввул хонданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор дар табйини аҳаммияти асл ва мантиқи интихобот дар Ҷумҳурии исломӣ, гуфтанд: Ҷумҳӯрият ва исломияти низом ҳар ду ба интихобот вобаста аст, чаро ки таҳаққуқи ҷумҳӯрияту мардумсолорӣ ва ҳокимияти мардум дар идораи кишвар ҳеҷ роҳе ҷуз баргузории интихобот надорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, «набуд интихобот»-ро мӯҷиби барқарории диктаторӣ ё «ҳарҷу марҷ ва ноамнӣ ва иғтишош» хонданд ва бо интиқод аз касоне, ки ба ашколи мухталиф мардумро аз ҳузур дар интихобот дилсард мекунанд, тасреҳ карданд: Интихобот танҳо масири саҳиҳ ва ҳақиқӣ аст, ки метавонад ҳокимияти миллии мардумро таъмин кунад.

Раҳбари муаззами инқилоб, бахши дигаре аз суханонашонро ба масаълаи байналмилалӣ ва исломии Ғазза ихтисос доданд ва гуфтанд: Ин ҳодиса аз дуҷанба беназир аст, ҳам аз самти режими саҳюнистӣ, чаро ки ҳаргиз ингуна саффокӣ, ҷиноятгарӣ, хунхорӣ, кӯдаккушӣ, хабосат, бераҳмӣ ва андохтани бомби сангаршикан бар рӯи сари беморон ва бемористонҳо дида нашудааст, ва ҳам аз тарафи мардум ва муборизони фаластинӣ, чун ин гуна сабр, муқовимат ва душманро девона кардан, бесобиқа аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Бо вуҷӯди онки об, ғизо, дору ва сӯхт ба ин мардум намерасад, аммо онҳо мисли кӯҳ истодаанд, ки ҳамин таслим нашудан ононро пирӯз мекунад, чаро ки Худованд бо собирон аст, ҳамчунон ки нишонаҳои пирӯзӣ имрӯз дида мешавад.

Раҳбари муаззами инқилоб, нотавонии режими саҳюнистиро бо вуҷӯди анбӯҳи таҷҳизоту имконот аз дигар ҷанбаҳои муҳимми ин рӯёрӯии беназир хонданд ва дар баёни нуктае асосӣ гуфтанд: Шикасти режими саҳюнистӣ дар ин ҳодиса, шикасти Амрико ҳам ҳаст ва имрӯз дар дунё ҳеҷ кас тафовуте миёни режими ишғолгар бо Амрико ва Англия намегузорад ва ҳама медонанд, ки инҳо яке ҳастанд.

Эшон ветои чанд қатъномаи Шӯрои амният барои оташбас ва қатъи бомбаборонҳоро иқдоми бешармонаи давлати Амрико ва ҳамдастӣ бо режими саҳюнистӣ барои рехтани бомб бар рӯи кӯдак, зан, пирамард, бемору дигар мардуми бедифо хонданд ва афзуданд: Кумак ба муқовимат вазифаи ҳама ва кумак ба режими саҳюнистӣ, ҷиноят ва хиёнат аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷилавгирӣ аз расидани коло, нафту сӯхт ба режими саҳюнистӣ, ки ҳатто ҷилави расидани об ба мардуми Ғаззаро гирифтааст, вазифаи давлатҳои исломӣ хонданд ва тасреҳ карданд: «Имрӯз виҷдони дунё ба дард омадааст. Мардум дар Амрико ва Аврупо ба хиёбонҳо меоянд ва бархе шахсиятҳои сиёсӣ ва руасои донишгоҳҳо ва донишмандони онҳо ба ҳимояти давлатҳои худ аз режими саҳюнистӣ эътироз мекунанд, аммо бо ин вуҷӯд, бархе давлатҳо ҳамчунон ба кумакҳои худ ба режими саффок идома медиҳанд.»

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: «Бетардид пирӯзӣ бо ҷабҳаи ҳақ аст ва режими ғосиби саҳюнистӣ решакан хоҳад шуд ва умедворем шумо ҷавонон ин ояндаи ҳатмиро ба чашми худ бибинед.»

 

Барчасп