Ҳавонирузи Эрон-қудратмандтарин неруи чархболии ғарби Осиё
Фармондеҳи ҳавонируз (неруи ҳавои)и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард : Ҳавонируз Эрон қудратмандтарин неруи чархболии ғарби Осиё аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуфи Қурбонӣ бо таъкид бар инки наҳзати қитъасозӣ дар ҳавонируз роҳандозӣ шуд, гуфт: Акнун беш аз 800 навъ қитъа(қисмҳои эҳтиётии чархболҳо) ба андозаи 8 ҳазор қитъа ба ҳиммати мутахассисони дохилӣ сохта ва рӯйи чархболҳо насб шудааст.
Вай бо баён инки дар 8 сол дифоъи муқаддас силоҳҳои замонавии он замонро доштем ва имрӯз низ ин вазъиятро дорем, гуфт: Силоҳҳое, ки бар чархболҳо насб шуда аз ҷумла таҷҳизоте аст, ки ҳатто Амрико ба унвони муддаии абарқудратӣ дар ҷаҳон, баъд аз Эрон ин силоҳҳоро рӯйи чархболҳои худ насб кардааст.
Фармондеҳи ҳавонирузи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин гуфт : Ҳамаи ин силоҳҳо, бумӣ ва тавлиди дохили кишвар аст, ки дар ширкатҳои донишбунён, донишгоҳҳо ва нухбагони ҳавонируз анҷом шуда ва дар чархаи амалиётӣ ворид шудааст.