90 дарсади ҷамъияти Эрон таҳти пӯшиши бимаи “Саломат”
-
Бима (страховка)-и Саломати Эрон
90 дарсади ҷамъияти Эрон таҳти пӯшиши бимаи “Саломат” ҳастанд.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадмеҳдии Носеҳӣ, мудиромили Созмони бимаи Саломати Эрон рӯзи чаҳоршанбе гуфт: 90 дарсади ҷамъияти Эрон зери пӯшиши ин бима ҳастанд ва инак дар дунё аз ҷойгоҳи муносибе дар хусуси пӯшиши бимаи пояӣ бархӯрдор ҳастем.
Муҳаммадмеҳдии Носеҳӣ афзуд, тамомии афроди ҷомеаи Эрон метавонанд зери пӯшиши бимаи Саломат бошанд ва дар ин хусус ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад.
Мудиромили Созмони бимаи Саломати Эрон бар ташкили сандуқи беморони сахтдармон таъкид карду афзуд, соли гузашта 50 ҳазор миллиард риёл ба ин сандуқ ихтисос ёфта буд, ки имсол 20 ҳазор миллиард риёл афзуда шуд.
Носеҳӣ хотирнишон кард, талош мешавад то тамомии беморони хос дар Эрон зери пӯшиши бимаи Саломат қарор гиранд, зеро харҷи ин беморон боло аст.
Дар ҳамин ҳол Рӯҳуллоҳ Деҳқонии Фирӯзободӣ, муовини илмиву фанноварии раёсати ҷумҳурии Эрон имрӯз - чаҳоршанбе аз дастрасии Эрон ба воксанҳое хабар дод, ки 13 савияи бактерияро аз байн мебарад.
Рӯҳуллоҳ Деҳқонии Фирӯзободӣ дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ин ду воксан, ки муҳаққиқони эронӣ ба он даст ёфтаанд, метавонад 13 савия бактерия, аз ҷумла дар муқобила бо бемориҳои гувориширо аз байн бибарад.