Ҳамсари раисиҷумҳури Эрон: Муаррифии зебоиҳои хонавода ба ҷаҳониён, вазифаи занони муқовимат аст
(last modified Sat, 30 Dec 2023 13:19:34 GMT )
Декабр 30, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсари раисиҷумҳури Эрон: Муаррифии зебоиҳои хонавода ба ҷаҳониён, вазифаи занони муқовимат аст

Ҳамсари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, муаррифии зебоиҳои хонавода ба ҷаҳонёнро вазифаи занони муқовимат донист.

Иҷлосияи байналмилалии бонувони таъсиргузор, рӯзи ҷумъа бо ҳузури бонувони ҷабҳаи муқовимат баргузор шуд. Ҳамсари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, яке аз суханронони ин иҷлосия буд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҷамила Содот Аламулҳудо, ҳамсари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин иҷлосия, ки бо ҳузури бонувони ҷабҳаи муқовимат баргузор шуд, "инқилоби тарбиятӣ, мубориза бо истибдоди паҳлуӣ, ҷомеъаи муқовими исломӣ дар баробари тамаддуни илҳодии Ғарб ва ҷиҳоди табйин"-ро аз мароҳили Инқилоби Исломии Эрон аз ибтидо токунӯн донист.

Аламулҳудо бо ташреҳи андешаҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) дар ҳавзаи аҳамияти низоми хонавода ва нақши занон дар Инқилоби Исломӣ ва мубориза бо истибдод, афзуд, ҳиҷоб дар Эрон парчами аслӣ аст ва тамоми мухолифатҳо бо ҳиҷоб ба хотири мухолифат бо Инқилоби Исломӣ аст.

Вай дар идома бо ишора ба инки Амрико императории бузурги расонаиро дар ихтиёр дорад, тасреҳ кард, муқовимати Фаластин, имрӯз барои таҳаққуқи ҳақиқату ибтоли ботил шурӯ шудааст, вале императории расонаии Амрико иҷозаи шунидани садои Фаластинро ба ҷаҳон намедиҳад аз инрӯ бар ӯҳдаи ҳама аст, ки ба ҷиҳоди табйин бипардозанд.

Аламулҳудо бо ишора ба талоши душманон барои тағйири фарҳанги духтарону писарону кӯдакон ва навҷавонон гуфт, вазифаи занони инқилобӣ ва муқовим аст, ки зебоиҳои хонавода ва қашангиҳои хонавода ва фидокорӣ ва вафодориро ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд ва ба ҷои таъкид бар ҷинсияти занона, бояд бар завҷияти зану мард таъкид кунанд.

Ҳамсари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ҳузур дар маҳали равзаи шаҳидайн дар Бейрут, ибрози умедворӣ кард, вақте Фаластин ва муқовимат пирӯз шуд, дар ҳамин макон ҷашни пирӯзӣ баргузор шавад.