Декабр 30, 2023 20:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳамосаи ҳузури мардуми Теҳрон ба муносибати явмуллоҳи 9 дай, рӯзи басират

Иҷтимои қишрҳои мухталифи мардуми Теҳрон ба муносибати "явмуллоҳи 9 дай" моҳу рӯзи басират ҳамзамон бо саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, таҷаммуъкунандагон дар маросими имрӯз (шанбе) бо дар даст доштани дастнавиштаҳо ва плакатҳое зимни гиромидошти ҳамосаи 9 дай, бори дигари инзиҷори худро аз душманиҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ фарёд заданд ва бар ҳимояти ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон аз мардуми мазлӯми Фаластин то расидан ба пирӯзии ниҳоӣ таъкид карданд.

Ҳозирон дар иҷтимои Теҳрон бо дар даст доштани тасовире аз парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, шуҳадои Ғазза ва парчами Фаластин эълом карданд, ки ҳамвора аз ҷабҳаи муқовимат ва кӯдакону занони бедифои Ғазза ҳимоят мекунанд ва тадовуми душманиҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ бо мардуми Эронро маҳкӯм карданд.

Таҷаммуъкунандагон дар чаҳордаҳумин солгарди ҳамосаи 9 даймоҳ бо ҳузури пуршӯр дар майдони имом Ҳусайн (а) ва хиёбонҳои атроф шиорҳои марг бар Амрико, марг бар Исроил, марг бар зидди вилояти фақиҳ ва “Амрико Амрико нанг ба найранги ту, хуни шаҳидонм мо мечакад аз чанги ту”, садои худро ба гӯши дунё расонданд.

Дар ин иҷтимо қатъномае дар 4 банд қироат шуд ва таҷаммуъкунандагон як бори дигари таҷовуз ба арозии ишғолиро озмоише хатарноку хаёле хом қаламдод ва бар тақвияти азми пойдорӣ ва рӯҳияи муқовимат таъкид карданд.

 

Барчасп