Декабр 31, 2023 18:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори хонаводаи шаҳид Сулаймонӣ тасреҳ карданд; эҳёи ҷабҳаи муқовимат бузургтарин хидмати шаҳид Сулаймонӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ баъд аз зуҳри имрӯз (якшанбе) дар дидори хонаводаи шаҳид сардор Сулаймонӣ, густариши беш аз пеши ному ёд ва хусӯсиёти ин шаҳидро ношӣ аз ихлоси шаҳид Сулаймонӣ донистанд ва таъкид карданд: Муҳимтарин нақшу хидмати ин шаҳиди бузургвор, эҳёи ҷабҳаи муқовимат дар минтақа будааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин дидор, ки дар остонаи чаҳорумин солгарди шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ баргузор шуд, бо таъкид бар инки муқовимати наздик ба семоҳаи Ғазза ба иллати вуҷӯди ҷабҳаи муқовимат аст, гуфтанд: Шаҳид Сулаймонӣ барои эҳёи ҷабҳаи муқовимат талоши бисёре кард ва ин корро бо ҳамон ихлос ва бо тадбиру ақлу ахлоқ ба пеш бурд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо тамҷиду тақдир аз талошҳои сардор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳ афзуданд: Бояд хатти тақвияти ҷабҳаи муқовимат ҳамчунон идома ёбад.

Дар ин дидор, ки сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳ низ ҳузур доштанд, хонум Зайнаби Сулаймонӣ гузориши кӯтоҳе аз иқдомоти фарҳангӣ ва ҳунарии анҷом гирифта ва ҳамчунин дар дасти иқдом барои интиқоли рӯҳиёт, манишу хислатҳои шаҳид Сулаймонӣ ба насли ҷавонро ироа кард.

 

Барчасп