филм / Эъломи ҳамбастагӣ бо кӯдакони Ғазза дар намоишгоҳи карикатураи Шероз
Намоишгоҳи байналмилалии осори ҳунармандони карикатуристи ҳудуди 30 кишвари ҷаҳон бо унвони «кӯдакони Ғазза» дар Шероз баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин намоишгоҳ бо ҳадафи ҳимоят аз кӯдакони фаластинии сокини борикаи Ғазза ва эъломи ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ бо онон барпо шудааст, то садои мазлумияти кӯдакони мазлуми Фаластин бошад.
Бар пояи ин гузориш, ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза илова бар тахриби густурдаи хонаҳои фаластиниён, то кунун 21 ҳазору 822 шаҳид барҷой гузоштааст, ки аз ин теъдод 9 ҳазору 100 нафар кӯдак ҳастанд.
Намоишгоҳ 31 декабри 2023 то шашуми январи 2024 дар шаҳри зебои Шероз (ҷануби Эрон) доир аст.
Осори ҳунармандоне аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла Эрон, Ироқ, Арабистони саъудӣ, Алҷазоир, Миср, Марокаш, Арманистон, Ҳинд, Чин, Индонезия, Таиланд, Колумбия, Бразилия ва Утриш дар намоишгоҳи ҳимоят аз кӯдакони Ғазза дар Шероз ба намоиш даромадааст.
Кӯдакони шерозӣ ба ҳамроҳи модарони худ бо ҳузур дар ин намошгоҳ, бо кӯдакони Ғазза эъломи ҳамбастагӣ ва ҳамчунин ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар куштори кӯдакон ва модарони фаластиниро маҳкум карданд.