Нишасти сафирони кишварҳои узви маҷмаъи гуфтугуи ҳамкории Осиё дар Теҳрон
(last modified Tue, 09 Jan 2024 14:19:08 GMT )
Январ 09, 2024 19:19 Asia/Dushanbe
  • Шаст сафирони кишварҳои узви маҷмаъи гуфтугуи ҳамкории Осиё дар Теҳрон
    Шаст сафирони кишварҳои узви маҷмаъи гуфтугуи ҳамкории Осиё дар Теҳрон

Нишасти сафирони кишварҳои узви маҷмаъи гуфтугуи ҳамкории Осиё бо ҳузури муовини дипломасии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Маҷмаъ гуфтуги ҳамкории Осиё "ACD" дар соли 2002 ташкил шуд ва дабирхонаи он дар Кувайт қарор дорад 35 кишвари Эрон, Тойланд, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Бруней, Сангопур, Камбоҷа, Ветнам, Мянма, Лаос, Непол, Русия, Туркия, Ҷопон, Чин, Муғулистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Срилонко, Бутон, Кувайт, Баҳрайн, Арабистон, Қатар, Тоҷикистон, Иморат, Аммон, Фаластин, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон узви маҷмаъи гуфтугуи ҳамкорӣ Осиё ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Маҳдии Сафар муовини дипломасии иқтисодии Вазорати умурхориҷаи Эрон душанбе 8 январи соли 2024 мизбони сафирон ва дипломатҳои кишварҳои узви маҷмаъи гуфтугуи ҳамкории Осиё "ACD"  дар Теҳрон буд.

Дар ин ҷаласа хулосае аз фаъолиятҳои маҷмаъи гуфтугуи ҳамкории Осиё аз замони таъсис дар соли 2002 токунун ироа шуд.