Январ 10, 2024 21:10 Asia/Dushanbe
  • Гардиши молӣ миёни Эрон ва Туркия
    Гардиши молӣ миёни Эрон ва Туркия

Раиси кулли гумруки Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, маҷмӯи тиҷорат (содироту воридот) -и Эрон бо Туркия дар 9 моҳаи соли ҷории ҳиҷрии шамсӣ ба беш аз ҳашт миллиарду 500 миллион доллар расидааст.

Туркия тайи солҳои ахир аз шуракои муҳими тиҷории Эрон маҳсуб шуда, ба гунае, ки мутобиқ бо омори мунташиршудаи гумруки Эрон, ин кишвар тайи 10 соли гузашта ҳамвора байни панҷ кишвари нахуст дар умдаи мабдаъҳои  воридотии Эрон будааст.

Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия ҳамвора бар густариши муносиботи сиёсиву иқтисодӣ байни ду кишвар таъкид кардаанд. Эрон пас аз Русия, дуюмин таъминкунандаи гази Туркия аст.

Ахиран Меҳдии Сафарӣ ва Аҳмад Йилдиз, муовинони вазирони умури хориҷаи Эрону Туркия дар бораи густариши равобити иқтисодӣ ва ҳадафгузории иртиқои ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба 30 миллиард доллар дар сол табодули назар карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Ризвонифар, раиси кулли гумруки Эрон имрӯз - чаҳоршанбе изҳор дошт: Дар 9 моҳаи соли ҷорӣ 6 миллиону 400 ҳазор тон коло ба арзиши се миллиарду 300 миллион доллар ба Туркия содир шудааст, ки ба лиҳози вазн 12.5 дарсад афзоиш ва аз назари арзиш 15 дарсад коҳиш доштааст.

Ризвонифар дар хусуси мизони воридот аз кишвари Туркия дар 9 моҳаи соли ҷорӣ афзуд: Дар ин муддат 3 миллион тон коло ба арзиши 5 миллиарду 300 миллион доллар вориди кишвар шудааст, ки ба лиҳози вазн 12 дарсад ва аз ҳайси арзиш 17 дарсад рушдро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи муовини вазири иқтисоди Эрон, умдаи маҳсулоти содиротии Эрон ба Туркия дар ин муддат шомили гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, алюминий, шимши оҳан ва мум ва умдаи колои воридотӣ равғани офтобгардон, шимши тилло ва зуррат (ҷуворимакка)-и домӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрон (маҷмӯи воридоту содирот) дар 9 моҳаи имсол бо рушди 7 дарсадӣ беш аз 112 миллиард доллар расидааст.

Содироти Эрон дар 9 моҳаи соли ҷорӣ бо ҳисоби нафт, барқ ва хадамоти фанниву муҳандисӣ ва ба истиснои омори содироти тиҷорати чамадонӣ ба 63 миллиарду 970 миллион доллар расид, ки мизони содироти нафт дар ин муддат 26 миллиарду 460 миллион доллар, содироти хадамоти фанниву муҳандисӣ 780 миллион доллар ва содироти барқ 300 миллион доллар аст.

Барчасп