Дониши пешрафтаи пизишкони эронӣ ва равнақи гардишгарии саломат дар Эрон
Раиси пажӯҳишгоҳи "Рӯён" гуфт, Эрон дар ҳавзаи саломат истеъдоду зарфияти бисёр хубе дар ҷазби беморони хориҷӣ дорад, ки ба равнақи тавсеаи гардишгарии саломат мунҷар хоҳад шуд.
Гардишгарии саломат, сафар ба қасди дарёфти хадамоти дармонӣ ва саломат ё тандурустӣ аст, ки шаҳрвандони як кишвар ба иллатҳои мухталиф монанди набуди имконоти пизишкии мавриди ниёз ё ҳазинаи болои як ҷарроҳии хос, барои дармон ба кишвари дигаре сафар мекунанд.
Ба гузориши ИРНА, Абдулҳусайни Шоҳурдӣ, раиси пажӯҳишгоҳи “Рӯён”-и ҷиҳоди донишгоҳӣ бо таъкид бар тавони донишии пешрафтаи пизишкони эронӣ ба унвони зерсохте барои гардишгарии саломат, афзуд, пажӯҳишгоҳи “Рӯён” ба унвони яке аз марокизи саломат дар соли гузашта ба танҳоӣ мизбони ҳазор бемор аз кишварҳои мухталиф будааст.
Шоҳурдӣ ҳамчунин дар заминаи осори таърихӣ ва ҷозибаҳои гардишгарӣ ва зерсохтҳои табиӣ тасреҳ кард, Эрон аз зерсохтҳои лозим бархӯрдор аст, ки метавонад дар заминаи гардишгарии саломати арзоварӣ барои кишвар дошта бошад.
Вай бо ишора ба тавони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дармони анвоъи бемориҳо ва ҷазби беморони хориҷӣ афзуд, бештари муроҷеот дар ҳавзаи дармони ноборварӣ аст, аммо пажӯҳишгоҳи “Рӯён” дар заминаи соири бемориҳои вобаста ба селлулдармонӣ ва ҳамчунин бемориҳои муфассалӣ ин зарфиятро дорад, ки пазирои беморони соири кишварҳо бошад.