Эрон ва Арабистон заминаҳои таҳкими равобити иқтисодиро баррасӣ карданд
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Риёз рузи душанбе бо раиси Шӯрои утоқҳои бозаргонии Арабистон дидор ва дар бораи тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои гуногун гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Алиризо Иноятӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Риёз дар дидор бо Ҳасан Маъҷуб Алҳувайзӣ- раиси Шӯрои утоқҳои бозаргонии Арабистон бо ишора ба тавофуқоти суратгирифта миёни 2 кишвар дар ҷиҳати тавсеаи муносибот дар бахшҳои мухталиф изҳор дошт, Теҳрон аз вуруди тоҷирон ва бозаргонони арабистонӣ ба Эрон истиқбол мекунад.
Иноятӣ афзуд, Эрон ва Арабистон дорои зарфиятҳои фаровон дар заминаи саноъат, кишоварзӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, энергӣ ва гардишгарӣ ҳастанд ва бо ҳамкории якдигар метавонанд дар ҷиҳати тавсеа ва шукуфоии минтақа гом бардоранд.
Ҳасан Маъҷуб Алҳувайзӣ низ дар ин дидор хотирнишон кард, бахши хусусии Эрон ва Арабистон метавонанд бо табодули ҳайатҳо ва иртибототи муштарак бо якдигар ҳамкорӣ кунанд ва Риёз аз ин ҳамкориҳо истиқбол мекунад.
Эрон ва Арабистон пас аз ду сол музокира ва гуфтугӯ бо мизбонии Ироқ ва Уммон, даҳуми марти 2023 ва пас аз мулоқот ва гуфтугӯи чандрӯзаи масъулони ниҳодҳои амнияти миллии Эрон ва Арабистон дар Пекин, бо интишори баёнияе аз тавофуқи Теҳрон ва Риёз барои оддисозии равобит худ хабар доданд.
Эрон, Чин ва Арабистон бо таъкид бар зарурати ҳифзи сулҳ ва амният дар минтақаи ғарби Осиё ва халиҷи Форс, бар идомаи аҳдофи муштараки таъйиншуда тавассути сарони се кишвар дар бораи тавсеаи ҳарчи бештари муносиботи дӯстонаи Эрон ва Арабистон дар канори густариши ҳаддиаксарии ҳамкориҳои муштараки сеҷониба бо Чин дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ тавофуқ карданд.