Баёнияи Вазорати хориҷаи Эрон: Ҳисоби давлати дӯсту бародари Покистон аз террористҳои мусаллаҳ ҷудост
(last modified 2024-01-19T13:52:36+00:00 )
Январ 19, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Покистон дар мамониат аз истиқрори пойгоҳҳову гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар хоки Покистон пойбанд бошад\"

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе зимни маҳкум кардани иқдоми ғайриқобили пазириши Покистон дар ҳамла ба нуқтае дар марзи 2 кишвар эълом кард, ки ҳисоби давлати дӯсту бародари Покистон аз террористҳои мусаллаҳ ҷудост.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар баёнияе иқдоми ғайримутавозину ғайриқобили пазириши Покистон дар ҳамлаи паҳподӣ ба атбоъи ғайриэронии рустое дар ҷидори марзии ду кишварро маҳкум кард.

Дар идомаи ин баёния бо таъкид бар ин ки Теҳрон амнияти мардуму тамомияти арзиро хати қирмизи худ медонад, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва бародарӣ байни ду миллат ва ду давлати Эрону Покистон пойбанд аст.

Дар ин баёнияи таъкид шудааст: Ҳисоби давлати дӯсту бародари Покистон аз террористҳои мусаллаҳ ҷудост ва Ҷумҳурии исломии Эрон иҷоза намедиҳад, ки душманону афроди террористи онҳо ин равобитро ба вижа дар замоне, ки наслкушӣ ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ масаълаи аввали ҷаҳони Ислом аст, тира кунанд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон омадааст: Теҳрон аз давлати дӯсту бародари Покистон қавиян интизор дорад, ки ба тааҳҳудоти худ дар мамониат аз истиқрори пойгоҳҳову гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар хоки Покистон пойбанд бошад.

 

Барчасп