Пешниҳоди Эрон барои таъсиси сандуқи муштараки кумакрасонӣ ба Фаластин
Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон таъсиси сандуқи молии муштарак бо дигар кишварҳо барои кумакрасонӣ ба мардуми Фаластин дар борикаи Ғаззаро хостор шуд.
Ба гузориши ИРНА, Пирҳусайни Куливанд, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон рӯзи якшанбе дар конфронси байналмилалии башардӯстонаи “Ҳимоят аз Фаластин (Ғазза)” бо ишора ба ҷиноёте, ки саҳюнистҳо дар борикаи Ғазза дар беш аз сад рӯзи гузашта муртакиб шудаанд, афзуд: Фаъолиятҳои ниҳодҳои байналмилалӣ ба далели сангандозиҳое, ки режими ғосиби саҳюнистӣ анҷом медиҳад, нокоромад шудааст.
Куливанд бо қадрдонӣ аз Африқои Ҷанубӣ барои шикоят аз режими ғосиби Исроил ба Девони Додгустарии Байналмилалӣ афзуд: Шикояти давлати Африқои Ҷанубӣ аз режими саҳюнистӣ дар додгоҳи байналмилалӣ бисёр арзишманд аст ва Эрон низ дар канори масъулони Африқои Ҷанубӣ зидди режими саҳюнистӣ эъломи ҷурм хоҳад кард.
Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, чигунагии имдодрасонӣ, наҳваи кумакҳои башардӯстона, истифода аз дипломатияи башардӯстона барои таваққуфи ҳамешагии ҷанг ва эҷоди сандуқи муштараки молӣ ва эъломи ҷурм зидди ҷиноёти режими ғосиб аз ҷумлаи меҳварҳое аст, ки дар конфронси Теҳрон дар бораи онҳо метавон ба роҳи ҳалҳои мантиқӣ расид.
Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон бо ёдоварии ин ки ҳамлаи мустақим ба кадри дармону мошинҳои ёрии таъҷилӣ нақзи конвенсияҳои Женева аст, афзуд: Дар ин замина бояд шикояте зидди режими ишғолгари Қудс дар маҷомеи байналмилалӣ танзим шавад.
Муҳсини Мансурӣ, муовини иҷроии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ дучори азҳамгусехтагиву ошуфтагӣ ва дар таҳаққуқи аҳдофи худ дармонда шудааст, гуфт: Фарсоишӣ шудани ин ҷанг режими саҳюнистиро дар мурдоби ҷанг фурӯ бурдааст.