Расонаҳои Фаластин: Размандагони муқовимати Фаластин 3 низомии саҳюнистро захмӣ карданд
(last modified Sun, 25 May 2025 04:20:05 GMT )
Май 25, 2025 09:20 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳои Фаластин: Размандагони муқовимати Фаластин 3 низомии саҳюнистро захмӣ карданд

Порс Тудей - Расонаҳои фаластинӣ аз зарбаи размандагони муқовимати Фаластин ба артиши режими саҳюнистӣ, ки мунҷар ба захмӣ шудани се низомии ин режим шуд, хабар доданд.

Расонаҳои Фаластин гузориш доданд, ки шабакаҳои иҷтимоии вобаста ба шаҳракнишинони саҳюнист, зарбаи размандагони муқовимати Фаластин ба артиши режими саҳюнистиро як ҳодисаи амниятии хатарнок дар Ғазза эълом карданд. Ин шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карданд, ки артиши режими саҳюнистӣ бо эъмоли сиёсати сензура, монеъ аз интишори ҷузъиёти ин ҳодиса шудааст.

Шабакаҳои ёд шуда тасовиреро мунташир карданд, ки интиқоли низомиёни захмии артиши режими саҳюнистӣ аз набардҳои Ғазза ба бемористонҳо тавассути болгардҳои режими Исроилро нишон медод. / Хабаргузории Садо ва симо