Январ 22, 2024 17:54 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки тааҳҳуди Теҳрон нисбат ба амнияти Ироқ ва ҳимоят аз давлати ин кишвар исбот шуда, гуфт: Эрон бузургтарин мудофеи амният, ҳокимият ва тамомияти арзии Ироқ ва ҳомии ваҳдату тамомияти сарзаминии ин кишвар аст.

Робитаи Эрону Покистон мустаҳкам аст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон бо маҳкум кардани ҷиноёти саҳюнист дар Ғазза изҳор дошт: Имрӯз садуҳаштумин рӯзи таҷовузи ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин ва шаҳрвандони бегуноҳу бепаноҳ дар Ғаззаро пушти сар мегузорем. Ҷиноёте ки нишонгари авҷи ҷиноятомез будани иқдомоти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни шинохташудаи ин режим аст.

Канъонӣ дар идома ба ҳамлаи мушакии Эрон ба мақари Моссад дар Арбил ишора карду изҳор дошт, иқдоми Эрон алайҳи мақари созмони террористии Моссад дар ростои танбеҳи мутаҷовизон алайҳи амнияти Эрон буда ва на таарруз ба ҳокимияти арзии Ироқ.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки Эрон бузургтарин мудофеи амният, ҳокимияту тамомияти арзии Ироқ ва ҳомии ваҳдату тамомияти сарзаминии ин кишвар аст, гуфт: Тааҳҳуди Теҳрон нисбат ба амнияти Ироқ ва ҳимоят аз давлати Ироқу шаҳрвандони ин кишвар ва ҳокимияту тамомияти сарзаминӣ ва ваҳдати Ироқ тааҳҳуди исботшуда аст ва ниёз ба ростиозмоӣ надорад.

Канъонӣ дар бораи равобити Эрону Покистон дар пайи таҳаввулоти ахир низ хотирнишон кард, робитаи Эрону Покистон робитаи мустаҳкаме аст, иқдом алайҳи як гуруҳи террористии дорои савобиқи мутааддиди ҷинояткорона алайҳи Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар чорчӯби ҳимоят аз амнияти шаҳрвандони эронӣ буд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд, равобити ду кишвари Эрону Покистон мустаҳкам, дӯстона ва бародарона аст, ду кишвар ба ҳокимияту тамомияти арзии ҳамдигар таъкид доранд, дар айни ҳол амнияти ду кишвар ба ҳам вобаста аст ва терроризм таҳдиди муштарак барои ду кишвар аст, иттифоқи ахир чизе аз истеҳкоми равобити ду кишвар кам нахоҳад кард ва беҳтар аст касе ба сӯиистифода аз рухдоди ахир фикр накардаву тамаъварзӣ накунад, ду тараф бар азми худ барои фаъолияти суфарову густариши равобит таъкид доранд.

 

Барчасп