Сафирони ду кишвар ба пойтахтҳо бозмегарданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i111164-Сафирони_ду_кишвар_ба_пойтахтҳо_бозмегарданд
Дар пайи тавофуқи ҳосилшуда байни вазирони хориҷаи Эрону Покистон, сафирони ду кишвар то шашуми баҳманмоҳ ба пойтахтҳо бозмегарданд ва Амирабдуллоҳиён ҳам қарор аст нуҳуми баҳман ба Исломобод биравад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 22, 2024 14:32 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон дар таърихи 29 январи 2024 ба Покистон сафар хоҳад кард
    Вазири хориҷаи Эрон дар таърихи 29 январи 2024 ба Покистон сафар хоҳад кард

Дар пайи тавофуқи ҳосилшуда байни вазирони хориҷаи Эрону Покистон, сафирони ду кишвар то шашуми баҳманмоҳ ба пойтахтҳо бозмегарданд ва Амирабдуллоҳиён ҳам қарор аст нуҳуми баҳман ба Исломобод биравад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар пайи гуфтугӯи телефонии вузарои умури хориҷаи Покистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон, ду тараф тавофуқ карданд, ки суфарои ду кишвар то 26 январи 2024 (6 баҳманмоҳи 1402) ба маҳалли кори хеш бозгарданд.

Ҳамчунин ба даъвати Ҷалил Аббоси Ҷелонӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, Амирабдуллоҳиён, ҳамтои эронии вай дар таърихи 29 январи 2024 ( 9 баҳманмоҳи 1402) ба Покистон сафар хоҳад кард.

Амирабдуллоҳиён ва ҳамтои покистонӣ дар пайи таҳаввулоти ахир дар муносибот ва ҳамлаи Эрон ба мақари гурӯҳаки террористии Ҷайшуззулм ва вокуниши Покистон дар ҳамла ба нуқтае дар марзи Эрон, ду бор бо якдигар телефонӣ гуфтугӯ карданд.