Январ 22, 2024 18:55 Asia/Dushanbe
  • Тасбити ҷойгоҳи Эрон дар санъати фазоӣ
    Тасбити ҷойгоҳи Эрон дар санъати фазоӣ

Моҳвораи “Сурайё”, ки бо талошу ҳиммати донишмандони ҷавони эронӣ сохта ва ба фазо партоб шуда буд, нахустин сигнали худро ба замин ирсол кард то тавонмандиву тахассуси донишмандони ҷавони эрониро ба намоиш бигузорад.

Моҳвораи мухобиротии Пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон бо номи “Сурайё”-ро моҳворабари семарҳалаии “Қоими 100”-и Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба фазо партоб карда буд, ки бо муваффақият дар мадори 750 километрӣ аз сатҳи замин қарор гирифт.

Созмони фазоии Эрон эълом кард, ин моҳвора рӯзи якшанбеи 21 январ бо муваффақият сигналҳои худро ба замин мухобира кардааст. Амалкарди қобили тавваҷуҳи моҳвораи мухобиротии “Сурайё” ва иртиботи он бо маркази фазоии Эрон, идомаи муваффақиятҳову талоши илмии донишмандону мутахассисони ҷавони эронӣ аст, ки дар солҳои ахир бо вуҷуди таҳримҳову иқдомоти тахрибии Амрико ва давлатҳои ғарбӣ тавонистанд кайфияту тавоноии моҳвораҳои сохти худро ба хубӣ иртиқо диҳанд.

Қарор гирифтани моҳвораи “Сурайё” дар мадори 750 километрӣ аз сатҳи замин муҷиби шигифтии коршиносони ғарбӣ шуда ва ба тавоноии фазоии Эрон барои ирсоли моҳвораҳои ҷадид дар сатҳи болотаре аз ҷав (қарор гирифтан дар мадори замин) эътироф кардаанд. Мақомоти ғарбӣ, бавижа амрикоӣ дар солҳои ахир ҳамвора дар хусуси тавоноиҳои илмии Эрон ба сиёҳнамоӣ рӯй овардаанд ва талош мекунанд тасвире манфӣ аз муваффақиятҳои Эрон ироа диҳанд.

Пешрафтҳои чашмгири Эрон дар арсаи фазо

 

Дар ҳоле ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои ахир анвову ақсоми моҳвораҳои илмӣ, таҳқиқотӣ, ҷуғрофиёӣ ва дар канори он низомиро бо муваффақият ба мадори замин партоб кардааст, аммо давлатҳои ғарбӣ ва расонаҳои ҳамсӯ бо онон бо чашмпӯшӣ аз ин мавзуъ барои тавҷеҳи таҳримҳои ғайриинсонии худ танҳо ба аҳдофи низомии Эрон ишора мекунанд.

Моҳвораи “Нур – 3” низ, ки соли 2023 ба фазо партоб шуд (шакли такмилёфта аз моҳвораҳои “Нур – 1” ва “Нур – 2”) ва тавоноии он ба унвони моҳвораи санҷишу шиносоӣ муаррифӣ шуда низ бо муваффақият дар мадори 450 километрии замин қарор гирифт.

Муваффақияти моҳвораи мухобиротии “Сурайё” нишондиҳандаи пешрафтҳои чашмгири Эрон дар санъати ҳавову фазо, бо ҳиммату талоши мутахассисони дохилӣ аст. Пешрафтҳои фазоии Эрон ба гунае чашмгир буда, ки дар ояндаи наздик дорои манзумае аз моҳвораҳо дар мадори замин хоҳад буд. Тасбити ҷойгоҳи Эрон дар санъати фазоӣ дар солҳои ахир бо сохти анвои моҳвораҳо бо қобилиятҳои илмӣ, таҳқиқотӣ, ҷуғрофиёӣ ва низомӣ муҳаққақ шудааст.

Ширкатҳои бузург бо дастовез қарор додани таҳримҳо аз додани қатаоти калидӣ, ҳатто дар бахшҳои санъатӣ низ худдорӣ мекунанд, аммо ҷавонони донишманду мутахассиси эронӣ бидуни тавваҷуҳ ба коршиканиҳову иқдомоти тахрибии мақомоти амрикоиву аврупоӣ, ба талоши худ идома медиҳанд ва ҳосили ин худбовариву азми росих тасхири фазо ва сохти моҳвораҳои пешрафта будааст.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп