Таъкиди Эрон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкориҳои гардишгарӣ
Дар дидорт " Алиакбари Ҷавкор " сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Остона бо « Еркинбаев Ержан » муовини вазири гардишгарӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон , ду тараф бар густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ таъкид карданд .
Ба гузориши Ирно , " Алиакбари Ҷавкор " рӯзи чаҳоршанбе дар ин дидор зимни таъкӣд бар аҳамияти гардишгарӣ дар равобити дуҷониба , изҳор дошт , дар шароити кунунии мизони табодули гардишгари байни ду кишвари мутаносиб бо зарфиятҳои воқеии Эрон ва Қазоқистон дар ин ҳавза нест .
Ҷавкор афзӯд : Бо тавваҷуҳ ба қобилиятҳои Эрону Қазоқистон дар заминаи гардишгарӣ , лозим аст талошҳои бештаре аз сӯйи масъулин ва наҳодиҳои зи рабт барои афзоиши теъдоди гардишгарон сӯрат пазирад .
" Еркинбаев Ержан " ҳам дар ин дидор хотирнишон кард , тамоми талоши худро барои тавсеаи равобити гардишгарии миёни ду кишвар хоҳем кард .
Муовини вазири гардишгарӣ ва варзиши Қазоқистон бо ишора ба иқдомоти Остона дар шаҳри соҳилии Актау воқеъ дар ҳошияи дарёии Мозандарон аз ҷумла сохти ҳутел , марокизи тиҷорӣ ва тафреҳӣ барои афзоиши теъдоди гардишгарон , таъкид кард , ду кишвар бояд илова бар рафту омади туҷҷору бозаргон , заминаҳои сафарҳои гардишӣ ва ғайритиҷориро низ равнақ бабахшанд .
Ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд охирин иттилоот дар ҳавзаи гардишгарии миллиро бо якдигар ба иштирок бигузоранд .