Таъкиди Эрон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкориҳои гардишгарӣ
(last modified Thu, 01 Feb 2024 06:21:07 GMT )
Феврал 01, 2024 11:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкориҳои гардишгарӣ
    Таъкиди Эрон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкориҳои гардишгарӣ

Дар дидорт " Алиакбари Ҷавкор " сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Остона бо « Еркинбаев Ержан » муовини вазири гардишгарӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон , ду тараф бар густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ таъкид карданд .

Ба гузориши Ирно , " Алиакбари Ҷавкор " рӯзи чаҳоршанбе дар ин дидор зимни таъкӣд бар аҳамияти гардишгарӣ дар равобити дуҷониба , изҳор дошт , дар шароити кунунии мизони табодули гардишгари байни ду кишвари мутаносиб бо зарфиятҳои воқеии Эрон ва Қазоқистон дар ин ҳавза нест .

Ҷавкор афзӯд : Бо тавваҷуҳ ба қобилиятҳои Эрону Қазоқистон дар заминаи гардишгарӣ , лозим аст талошҳои бештаре аз сӯйи масъулин ва наҳодиҳои зи рабт барои афзоиши теъдоди гардишгарон сӯрат пазирад .

" Еркинбаев Ержан " ҳам дар ин дидор хотирнишон кард , тамоми талоши худро барои тавсеаи равобити гардишгарии миёни ду кишвар хоҳем кард .

Муовини вазири гардишгарӣ ва варзиши Қазоқистон бо ишора ба иқдомоти Остона дар шаҳри соҳилии Актау воқеъ дар ҳошияи дарёии Мозандарон аз ҷумла сохти ҳутел , марокизи тиҷорӣ ва тафреҳӣ барои афзоиши теъдоди гардишгарон , таъкид кард , ду кишвар бояд илова бар рафту омади туҷҷору бозаргон , заминаҳои сафарҳои гардишӣ ва  ғайритиҷориро низ равнақ бабахшанд .

Ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд охирин иттилоот дар ҳавзаи гардишгарии миллиро бо якдигар ба иштирок бигузоранд .