Канъонӣ: Ҳамалоти Амрико нақзи ҳокимияти миллии Сурия, Ироқ ва Яман аст
(last modified Mon, 05 Feb 2024 13:52:09 GMT )
Феврал 05, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Ҳамалоти Амрико нақзи ҳокимияти миллии Сурия, Ироқ ва Яман аст
    Канъонӣ: Ҳамалоти Амрико нақзи ҳокимияти миллии Сурия, Ироқ ва Яман аст

Сухангуи вазорати хориҷаи Эрон бо таъкиди ин ки иқдомоти Кохи Сафед далели возеҳи аст мабни бар ин ки давлати Амрико моиласт дасти режими саҳюнистӣ барои идомаи ҷиноятро бози бигузорад гуфт: Ҳамалоти Амрико ба Сурия, Ироқ ва Яман нақзи ҳокимияти миллии ин кишварҳо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони имруз душанбе дар нишасти хабарии ҳафтагии худ бо хабарнигорон бо ишора ба ҷиноёти Исроил дар Ғазза иброз умедворӣ кард ҷомеъаи ҷаҳонӣ беш аз ин таҳаммул накунад ва бо ҷиддияти ҳарчи тамомтар заминаи таваққуфи ҷинояти ҷангии режими ишғолгари Қудсро зидди миллати Фаластин фароҳам кунад.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дархусуси ҳамалоти низомии Амрико ва Британиа ба Ироқ, Сурия ва Яман ва роҳи ҳалли коҳиши танишҳо низ гуфт: Нуқтаи конунии буҳрони тадовуми ҷанги ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ бо ҳимояти давлати Амрико ва Британя зидди миллати мазлуми Фаластин аст ва 122 руз ҷангу ҷиноят бадеҳӣ аст конуни буҳрон дар Фаластинаст ва роҳи ҳали поён додан ба ҷинояти ҷангӣ ва наслкуши тавассути Исроил аст.

Канъонӣ гуфт: Амрико ва Британя ба ҷои интихоби сулҳ дар минтақаи тарҷеҳ медиҳанд режими саҳюнистӣ ва манофеи Бинямин Натаняҳу нахусти вазири ин режимро интихоб кунанд ва бар манофеи миллатҳо ва давлатҳо тарҷеҳ бидиҳанд, аммо иқдомоти Амрико ва Британя ба вижа дар ин авохир нишон медиҳад ки дарки дурусти аз минтақа ва роҳи ҳал надоранд.