Феврал 06, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати ҳазрати Имом Мӯсои Козим (а)

Имрӯз, сешанбе 25 раҷаби 1445-и ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 6 феврали 2024, солрузи шаҳодати ҳазрати Имом Мӯсои Козим (а) аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Имом Мӯсои Козим (а), дар мактаби бузурги илми падарашон, ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а), ки донишмандони бисёре дар он ҳузур доштанд, ширкат мекарданд ва бо баҳрамандӣ аз фазилатҳои падар дар сифатҳо ва вежагиҳои олии ахлоқӣ ҳамчун порсоӣ, истиқомат, шуҷоат ва адолатхоҳӣ улгу(намуна)и барҷаста шуданд.

 Имом Мӯсои Козим (а) ҳудуди 35 сол имомати мусулмононро бар уҳда доштанд ва муддати зиёде аз ин солҳоро дар ҳабсу табъид гузаронданд.

 Ин шароит нишон медиҳад, ки дар даврони ишон сахтгирии ҳокимони аббосӣ ба аҳли Байти исмату таҳорат(а) афзоиш ёфта буд.

 Ончи Имом Мӯсои Козим(а)-ро зидди шароити мавҷуд бармеангехт, низоми фосиди сиёсӣ ва иҷтимоии ҳоким бар мусулмонон буд ва дар чунин мавқеияте, Имом бар огоҳиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардум меафзуданд ва равиши  ҳокимони Бани Аббосро мухолифи арзишҳои ислом медонистанд.

 Ҳорунаррашид аз халифаҳои аббосӣ ва ҳокими вақт, ки намехост мардум аз дарёи бекарони илму фазилати ҳазрати Мӯсои Козим (а ) баҳра бибаранд, тайи дасисаҳое ишонро дар зиндон заҳролуд кард ва он ҳазрат дар синни 55 солагӣ дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

 Радиои тоҷикии Садои Хуросон, солрузи шаҳодати Имом Мӯсои Козим (а)-ро ба ҳама мусулмонон ва азодорони он ҳазрат таслият мегӯяд.

 

Барчасп