Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Инқилоби исломӣ самараи иҷобати даъвати Биъсат аст
(last modified Thu, 08 Feb 2024 13:29:15 GMT )
Феврал 08, 2024 18:29 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Инқилоби исломӣ самараи иҷобати даъвати Биъсат аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, Инқилоби исломиро самараи иҷобати даъвати Биъсат донистанд.

Дар хуҷастаиди Мабъаси ҳазрати хатми мартабат, Муҳаммади Мустафо(с), ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори масъулон ва коргузорони низом, сафирон ва намояндагони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз қишҳои мухталифи мардум, таҳаққуқи Инқилоби исломиро натиҷаи иҷобати паёми Биъсат ва даъвати Имом Хумайнӣ (ра) аз тарафи мардум хонданд ва гуфтанд: Дар идома мардуми Эрон ҳам ба тавфиқ ва фазли Парвардгор ҳаракати худро дар масири дуруст идома додаанд ва то ҳар замон, ки иҷобати даъвати Пайғамбар идома дошта бошад, рушду пешрафт, ки фақат ҳам рушди маънавӣ ва ухравӣ нест, идома дорад ва метавон ба беҳтарин намунаи зиндагии дунявӣ ва ухравӣ даст ёфт.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ривоҷи зулм ва ҳаққкушӣ дар ҷаҳони имрӯз, раҳоӣ аз ин вазъ ва беҳбуди зиндагии мардуми дунёро дар гарави иҷобати даъвати Паёмбар ва истифода аз тазкия ва таълими набавӣ донистанд ва афзуданд: Масъулияти мо худсозӣ ва нишон додани идораи Эрон бар асоси улгуи Ислом аст, ки дар ин замина муваффақиятҳое доштаем, ки дар дунё таъсиргузор буда ва албатта кӯтоҳиҳои ҳам доштаем.

 Раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон дар идомаи ин дидор бо табрики иди Мабъас ба миллати Эрон ва ҳама мусулмонон, биъсатро муборактарин ва бузургтарин ҳодисаи таърихи башарият хонданд ва гуфтанд: Бо биъсати Паёмбари аъзам, нусхаи комил ва ниҳоӣ ва ҳамешагии саодати дунявӣ ва ухравии башар ироа шуд.

 Ишон иҷобати даъват ва биъсати набавиро боиси рушд ва саодати дунявӣ ва ухравӣ хонданд ва бо ишора ба ҳодисаи талхи Ғазза ва идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ гуфтанд: Мусибати Ғазза, мусибати башарият аст ва нишон медиҳад назми кунунии ҷаҳони комилан ботил ва ғайри қобили давом аст ва аз байн хоҳад рафт.

 Раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон хотирнишон карданд: Имрӯз Амрико, Англия ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва думболаравҳои онҳо пушти дастҳои ҷинояткор ва ба хунолудаи режими саҳюнистӣ қарор доранд, ки аз ҳамин ҷо метавон фаҳмид назми кунунии ҷаҳон-назми ботил ва ғайри қобили давом аст ва аз байн хоҳад рафт.

 Ишон, бомбаборони бемористон ва куштори наздик ба 30 ҳазор тан аз мардуми Ғаззаро боиси расвоии фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ донистанд ва афзуданд: Пушти сари ин ҷиноятҳо пул, таслиҳот ва кумакҳои сиёсии Амрико аст ва ҳамчунон ки худи саҳюнистҳо эътироф карданд бидуни таслиҳоти Амрико як рӯз ҳам қодир ба идомаи ҷанг набуданд; бинобарин амрикоиҳо низ муҷрим ва масъули ин ҳодисаи талх ҳастанд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ роҳи ҳалли поёни буҳрони Ғаззаро канор кашидани қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва тарафдори Ғарб аз ин қазия хонданд ва гуфтанд: Муборизони фаластинӣ худ қодир ба идораи майдон ҳастанд; ҳамчунонки то имрӯз низ бо идораи саҳна, зарбаи сахте ба онҳо ворид нашудааст.

 Раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар инки вазифаи давлат‎ҳо қатъи кумакҳои сиёсӣ, таблиғотӣ, таслиҳотӣ ва адами ирсоли колоҳои масрафи ба режими саҳюнистӣ аст, хотирнишон карданд: Вазифаи миллат‎ҳо фишор овардан ба давлатҳо барои анҷоми ин вазифаи бузург аст.