Табрики мелоди имоми Ҳусейн(а) ва рузи посдор
Фардо сешанбе 13 феврали 2024 баробар бо 3 шаъбони 1445 ҳиҷрии қамари рузи вилодати имоми Ҳусейн (а) имоми севуми шиъён ва рузи посдор аст.
Севвуми шаъбон, солрузи мелоди саросар майманати бузург посдори ислом ва шариъати Маҳмадӣ(с) аст ки бо фидокории беназири хеш дар овардгоҳи Карбало дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳонёни омухт шахсияти бузург ки намунаи дифо ва посдори аз Қуръони Карим ва исломи азиз шуд.
Ҳазрати имоми Хумайнӣ(р) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрони рузи мелоди имоми Ҳусейн (а)-ро рузи посдори ном ниҳод то иззат, озодагӣ ва басирати имоми севуми шиъёни ҷаҳон то ҳамеша усва ва намунаи зиндагӣ ва сираи шиъаёнаш ба хусус посдорони инқилоб исломӣ шавад.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони як неруии низомии муассир дар ҳифз ва сиёнат аз инқилоби исломӣ ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ифтихорот бузурги аст ки ҳамвора дар таърих Эрон медурахшад.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорасидани солрузи мелоди бо саодати ҳазрати имоми Ҳусейн (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба вижаи шумо шунавандагони азиз ва дигари озодихоҳони ҷаҳон табрик мегуяд.