Шиллики мӯшаки баллистик аз нови ҷангии Сипоҳи посдорони Эрон
Нерӯи дарёи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон барои нахустин бор ва дар иқдоме мубтакирона бо ҳамкории нерӯи ҳаво-фазои сипоҳ аз шиновари шаҳид Маҳдавӣ мӯшакҳои баллистики дурбурди хонаводаи “Фотиҳ” бо бурди ҳаддиақал 1700 километрӣ шиллик кард.
Бар ин асос, аз ин пас новҳои нерӯи дарёии сипоҳ бо истифода аз ин қобилият метавонанд, анвоъи мӯшакҳои баллистик то бурди 1750 километрро бо худ ҳамл кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, нерӯи дарёии сипоҳи посдорон рӯзи сешанбе тасовири шиллики мӯшаки баллистик аз хонаводаи “Фотиҳ” рӯи шиновари шаҳид Маҳдавиро мунташир кард.
Дар ин тасовир ду мӯшаки баллистик аз дохили ду континейр, ки бар рӯи нови уқёнуспаймои шаҳид Маҳдавӣ насб шудааст, шиллик шуд ва бо муваффақият ҳадафи мавриди назарро мунҳадим кард.
Дар ҳамин иртибот, сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ гуфт, ки дар ҳамкории муштараки нерӯи ҳаво-фазои сипоҳу нерӯи дарёии ин ниҳоди низомӣ, як фарванд мӯшаки баллистики дурбурд аз шиновари низомии нерӯи дарёии сипоҳ бо муваффақият шиллик шудааст.
фармондиҳи кулли сипоҳ таъкид кард, ин дастоварди ҷадид бурди нуфӯзу қудрати дарёии Эронро афзоиш дод, зеро новҳои уқёнуспаймои эронӣ метавонанд дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон ҳозир шаванд ва ҳеҷ нуқтаи амне барои қудрате, ки бихоҳад барои Эрон ноамнӣ эҷод кунад, вуҷӯд надорад.