Таҳсили беш аз 8 ҳазор донишҷуи пизишкӣ аз 60 кишвар дар Эрон
Муовини омӯзишии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, беш аз 8 ҳазор донишҷуи пизишкӣ аз 60 кишвари ҷаҳон дар Эрон ба таҳсили улуми пизишкӣ машғул ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Абулфазли Боқирии Фард бо ишора ба пешрафтҳои кишвар пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар заминаҳои мухталифи илмӣ аз ҷумлаи улуми дармонӣ гуфт: Пеш аз Инқилоби исломӣ пизишконе аз кишварҳои Филиппин, Индонезия ва Покистон дар Эрон табобат мекарданд, ки ҳатто бархе аз онҳо пизишк набуданд; дар ҳоле ки акнун аз ҳамин кишварҳо донишҷуёни риштаи пизишкӣ дар Эрон ҳузур доранд.
Боқирии Фард бо баёни инки бо пешрафтҳои рӯзафзӯн дар солҳои пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дигар ниёзе ба фиристодани бемор ба хориҷ аз кишвар нест, афзуд: Маркази мутолиоти тавсеаи омӯзиш, мағзи мутафаккири донишгоҳҳо ва маҳалли муносибе барои тақвияти таҳқиқ ва тавсеъа аст.
Баҳроми Айнуллоҳӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳам рӯзи гузашта дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи гардишгарии саломат гуфт: Дар соли гузашта 1 200 000 нафар гардишгари саломат ба Эрон сафар карда ва як миллиард доллар арзоварӣ доштаанд.
Айнуллоҳӣ афзуд: Гардишгарони саломат аз 60 кишвар ҷиҳати дармон ба Эрон омада ва 20 дарсад аз гардишгарони Эрон ҷузъи беморони байналмилалӣ ҳастанд.
Ҳабдаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва саноеъи вобастаи Теҳрон аз 12 то 15 феврал дар маҳалли доимии намоишгоҳҳои Теҳрон дар ҳоли баргузорӣ аст.