Тафсир ; Тавофуқоти ҳиҷдаҳумин нишасти камиссиюни муштараки Эрон ва Арманистон
Дар ҷараёни ҳиҷдаҳумин нишасти камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Арманистон дар Теҳрон , ду тараф ба тавофуқоти муҳимме даст ёфтаанд .
“Довуди Манзур “ муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаждаҳумин иҷлоси камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Арманистон дар Теҳрон , эълом кард , музокирот бисёр созанда ва хубе ба сурати фишурда тайи рӯзҳои (панҷшанбе ва ҷумъа - 15 ва 16 феврал ) байни ду кишвари анҷом шудааст. .
Ба далели тавофуқоти густардаи Теҳрон ва Эрон , бештар аз 20 ниҳоди давлатӣ ва хусӯсӣ , Вазоратхона ва ҳамчунин созмонҳои давлатии Эрон дар ин нишасти муҳим ва музокирот ҳузур доштанд . Пайгирии тавофуқоти иҷлоси камиссиюни ҳафдаҳум ки соли гузашта дар Ирвон анҷом шуда буд ва ҳамчунин заминаҳои ҳамкориҳои бештар дар ин санади мавриди баррасӣ қарор гирифт . Довӯд Манзури афзӯд : “ Баргузории ин иҷлос як дастоварди муҳим дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкорияҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арманистон маҳсӯб мешавад . “
Бо имзои ин асноди муҳими ҳамкорӣ , метавон гуфт : Арманистон илова бар ин ки як ҳамсоя бисёр муҳим ва як шарики роҳбурдӣ дар равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ барои Эрон маҳсӯб мешавад . Аз ин ҷиҳат баргузории ҳаждаҳумин иҷлоси камиссиюни ҳамкориҳои муштараки иқтисодии ду кишвар барои Теҳрон ва Ирвон ҳоиз аҳамият будааст .
Дар ҷараёни ин нишаст , Меҳр Григорийон муовини нахуствазири Арманистон низ эълом кард : “ Умедворем имзои ин санад , битавонад дар ҷиҳати таъмиқу густариши равобити ду кишвар ва расондани сатҳи мубодилот ба 3 миллиард доллар, ки руасои Ҷумҳурии ду кишвар тавофуқ карданд , иқдомоту гомҳоиро бардорем . “ Бо тавваҷуҳ ба аҳамияти нишасти Теҳрон , бояд гуфт : Эрон ва Арманистон як санадиро имзо кардаанд, ки шомили 21 банд дар 19 ҳавзаи ҳамкории мухталифе миёни Эрон ва Арманистонро шомил мешавад ки сатҳу чорчӯби ҳамкориҳои ду кишварро барои соли оянда низ тарсим мекунад . Имзои ин аснод дар ҳақиқат нишон медиҳад, ки Теҳрон ва Ирвон азми худро барои густариш ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои ду ҷониба ҷазм кардаанд .
Ногуфта намонад. ки дар ҷараёни Дуюмин нишасти платформи 3 + 3 ки дар моҳи октябри гузашта дар Теҳрон баргузор шуд , илова бар баррасии мавзӯъоти марбӯт ба сулҳ дар Қафқози ҷанубӣ , бастарҳои муносиб ба манзури ҳамкориҳои иқтисодӣ , тиҷорӣ ва ҳамлу нақл ва умӯри транзитӣ , миёни кишварҳои минтақаро фароҳам кардааст . Дар ҳамин иртибот , вазири умӯри хориҷаи Арманистон ба ҳамтоёни худ дар нишасти Теҳрон , эълом кард : “ Арманистон тамоюл дорад аз тариқи арозии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эрон , Русия ва Осиёи Маркази иртибот рейлӣ дошта бошад . Пеш аз ин низ , “Никули Пошинён “ нахуствазири Арманистон дар дидор бо сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Ирвон таъкид карда буд , густариши равобити Арманистон бо Эрон бояд идома дошта бошад. Никули Пошинён дар он дидор ҳамчунин гуфта буд : “Арманистон ба вижа ба фароянди якпорчасозии зерсохтҳои роҳи оҳан аҳамият медиҳад .“ Изҳороти мақомҳои давлатии Ирвон дар нишасти минтақаӣ моҳи октябр дар Теҳрон ҳокӣ аз он аст, ки мақомҳои арманӣ ба ҷанг бо Ҷумҳурии Озарбойҷон тамоюли чандон нав дар садади ҳамкориҳои муштарак бо тарафи озарӣ ба вижа дар умӯри иқтисодӣ , тиҷорӣ , ҳамлу нақлу умӯри транзит ҳастанд . Яке аз муҳимтарин ҳамкориҳои Эрон ва Арманистон , мушорикат дар долони байналмилалӣ ва стротежикии шимол - ҷануб аст .
Дар ҳақиқат , Арманистон яке аз чаҳор масири аслӣ ба манзури интиқол дар масири ин долон маҳсӯб мешавад ва ҳамин амр Арманистонро аз аҳамияти зиёдӣ бархӯрдор кардааст . Ба ҳамин далел аст, ки мақомҳои Теҳрон ва Ирвон зимни таъкид бар баргузории нишастҳои муштарак бо Эрон дар ҳар шаш моҳ , сафарҳои мутақобили мутаъаддидӣ низ ба Теҳрон ва Ирвон анҷом медиҳанд то бар иҷрои тарҳҳои муштараки ҳамкорӣ низ назорат бештарӣ дошта бошанд .