Сохти абзори ташхиси зудҳангоми саратон тавассути нухбагони эронӣ
(last modified Tue, 20 Feb 2024 07:18:11 GMT )
Феврал 20, 2024 12:18 Asia/Dushanbe
  • Сохти абзори ташхиси зудҳангоми саратон тавассути нухбагони эронӣ

Дабири Ситоди тавсеаи фановарии нанои Эрон аз сохти абзорҳои ташхиси зудҳангоми саратон тавассути нухбагони эронӣ дар кишвар хабар дод.

Фановарии нано ё нанотехнология риштае аз дониши корбурдӣ ва фановарӣ аст, ки дар Эрон аз ҳудуди ду даҳа пеш аз ин фановарӣ дар тавлиди бархе маҳсулот, аз ҷумла дар ҳавзаи кишоварзӣ, пизишкӣ ва саноъат баҳра гирифта шуда ва заминаи содироти ин маҳсулотро фароҳам кардааст.

  Эрон яке аз аъзои фаъол дар ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҷумла Кумитаи байналамилалии стандартсозии нано аст ва ҳудуди 12 стандарти байналмилалӣ бо роҳбарӣ ва меҳварияти Эрон дар ин кумита тадвин ва мунташир шудааст.

 Дар ҳамин росто ва ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Имоди Аҳмадванд-дабири Ситоди тавсеаи фановарии нанои Эрон бо ишора ба авлавиятҳои Эрон дар тавсеаи микронаноҳо гуфт: Дар ростои тавсеаи хадамоти пизишкӣ ва дармонӣ абзорҳои ташхис бар болин ба меҳварҳои фаъолияти ҳавзаи саломати Ситоди тавсеаи фановарии нанои Эрон изофа шуд, то ташхиси фаврии саратон дар кишвар анҷом шавад.

  Аҳмадванд хотирнишон кард, дар ин кумита дар ростои ташхиси чанд навъ саратон аз ҷумла ғарболгарии зудҳангоми саратони рӯда, маҳсул тиҷорисозӣ ва ба бозор арза шуда ва дар Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви 5 кишвари фаъоли узви Кумитаи байналмилалии стандартсозии фановарии нано аст.