Пизишкиён: Мусулмонон бо ваҳдат метавонанд ояндаро барои худ рақам бизананд
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар зарурати ваҳдату инсиҷом байни мусулмонони ҷаҳон, гуфт: Ҳама бояд даст ба дасти ҳам диҳем ва ба ҷои чашмдухтан ба бегонагон, бо такя бар доштаҳо ва тавонмандиҳои худамон барои ғалаба бар мушкилот ва расидан ба қуллаҳои тавсеа ва пешрафт гом бардорем.
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе ва дар дуюмин рӯз аз сафар ба Покистон дар ҳамоиши бозаргонии Эрону Покистон бо ҳузури тоҷирон, бозаргонону фаъолони иқтисодии ду кишвар бо ишора ба нуқоти муштараки миллатҳои ҳамсояи Эрону Покистон ҳам аз фарҳанг, забон ва дини муштарак, гуфт: Мо метавонем ба ҷойгоҳи бартар ва беҳтар бирасем, кофӣ аст худамонро ва доштаҳоямонро бовар кунем, бидонем, ки бо вобастагӣ ва нигоҳ ба дигарон ба сарбаландӣ, иқтидор ва иззат нахоҳем расид. Пизишкиён бо хондани ашъоре аз шоири порсигуи Покистон, Иқболи Лоҳурӣ гуфт: Ашъори Иқбол низ бар ваҳдату инсиҷоми мусулмонон таъкид дорад ва ба мо мегуяд, ки бояд худамонро бовар кунем ва ба ҷои умедворӣ ба кумаки дигарон, тавонмандиҳои худамонро дарёбем ва тақвият кунем, мо метавонем беҳтарин бошем ва ба қуллаҳои муваффақият ва пешрафт бирасем ба шарте, ки худро бовар кунем ва муттаҳид бошем.