Паёми вазири фарҳанги Эрон ба муносибати даргузашти хонандаи номдори тоҷикистонӣ
(last modified Wed, 21 Feb 2024 07:04:26 GMT )
Феврал 21, 2024 12:04 Asia/Dushanbe
  • Паёми вазири фарҳанги Эрон ба муносибати даргузашти хонандаи номдори тоҷикистонӣ

Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар паёме бо таслияти даргузашти Давлатманд Холов, хонандаи номдори тоҷикистонӣ навишт: Он марҳӯм дилбастаи забони форсӣ ва шоирони бузурги Эрон буд ва интихоби ашъораш дар овозҳои мухталиф гувоҳе бар ин дилбастагӣ аст.

Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ даргузашти ин чеҳраи фарҳангии ҳавзаи тамаддунии форсизабононро ба хонадони ӯ , давлату миллати Тоҷикистон ва ҳамаи алоқамандон ба ин забон таслият гуфт ва афзуд: Хабари даргузашти ҳунарманди маҳбӯби мусиқии Тоҷикистон, ҷаноби оқои Давлатманд Холов дӯстдорони мусиқиро дар ҳавзаи форсизабонон мутаассир кард.