Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Интихобот овардгоҳи бузург барои миллати Эрон аст
(last modified Fri, 23 Feb 2024 12:08:20 GMT )
Феврал 23, 2024 17:08 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Интихобот намоди озодиву мардумсолории динӣ аст\"

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон интихоботи пеширӯи Эронро овардгоҳи бузург барои миллати Эрон донист ва бар мушорикати густарда дар он таъкид кард.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи интихоботи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ рӯзи ҷумъаи 11 исфанд (аввали март), ҳамзамон дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад.

Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷи Алӣ Акбарӣ, хатиби ҷумъаи Теҳрон имрӯз гуфт: Интихобот намоди озодиву мардумсолории динӣ ва ҷорӣ шудани иродаи мардум дар идораи Эрон аст.

Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷи Алӣ Акбарӣ афзуд, имрӯз ҳамаи душманони инқилоби исломиву мардум зидди интихобот басиҷ шудаанд ва умедворем дар ҷумъаи оянда мардуми Эрон як бори дигар дар ин таърихи пурифтихор сафҳаи дигаре аз ҳамосаи бузурги душманшиканиро халқ кунанду тасвире аз Эрони қавӣ пеши рӯи башарият қарор диҳанд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон ба мавзӯи таблиғоти номзадҳо дар интихоботи пеширӯ пардохту гуфт: Довталабон бояд хирадмандонаву бо ахлоқи исломӣ ва низ бо қасди наздикиву ҳифзи обрӯи афрод ва парҳез аз дуқутбиҳои козиб ва бо ҳифзи ҳурмати рақибу бо омӯзиши ақлонияти сиёсӣ ба насли ҷавон, по ба ин арса бигузорандуаз сиёҳнамоиву зарба задан ба афкори умумӣ парҳез кунанд.

Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷи Алӣ Акбарӣ ҳамчунин дар бораи масъалаи аввали ҷаҳони Ислому байналмилал, яъне Ғазза хотирнишон кард: Ҷанги Ғазза пас аз 140 рӯз ба як намоишгоҳи бузург аз шикастҳои гуногуни истикбори ҷаҳонӣ табдил шудааст. Режими ғосиби саҳюнистӣ дар ин моҷаро заработи сангине аз ноҳияи муқовимат хӯрда ва ба забунӣ афтодааст. Ба ёрии Худованду ҳиммати муқовимату бедории ҷаҳонӣ, ки иттифоқ афтода, ин режим рӯзи хуш нахоҳад дид.