Роҳёбии миллипӯши гимнастики Эрон ба марҳалаи поёнии Ҷоми Ҷаҳонӣ
Маҳдии Аҳмади Куҳанӣ, миллипӯши гимнасти Эрон бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи дувуми даври муқаддамотии дори ҳалқа роҳии марҳалаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Гимнастикаи Олмон шуд.
Рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии Гимнастикаи ҳунарии Олмон, ки яке аз мароҳили касби саҳмияи олимпии Порис маҳсуб мешавад, аз панҷшанбе оғоз шуд.
Маҳдии Аҳмади Куҳанӣ, нахустин намояндаи Эрон дар марҳалаи муқаддамотии дори ҳалқа буд, ки бо касби нумраи 14. 5 дар ҷойгоҳи дувуми ин марҳала қарор гирифту роҳии финал шуд.
Маҳдии Улфатӣ ва Маҳдии Аҳмади Куҳанӣ - ду намояндаи гимнастики Эрон дар Ҷоми Ҷаҳонии Олмон ҳастанд, ки ин мусобиқот ҳукми касби саҳмияи олимпии Порис – 2024 ро дорад.
Ин ду гимнасти эронӣ пеш аз ин дар Ҷоми Ҷаҳонии Миср ҳузур доштанд.
Бештар бихонед: