Феврал 26, 2024 16:32 Asia/Dushanbe
  • Рушди 5. 4 дарсадии иқтисоди Эрон дар соли 2023
    Рушди 5. 4 дарсадии иқтисоди Эрон дар соли 2023

Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, рушди иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба пешбиниҳои қаблӣ афзоиши қобили таваҷҷӯҳе ёфтааст.

Бар асоси тозатарин гузориши СБП, рушди 5. 4 дарсадии иқтисоди Эрон дар соли 2023 дар ҳоле амалӣ шудааст, ки миёнгини рушди иқтисодии ҷаҳон дар ин сол 2. 6 дарсад будааст. Иқтисодҳои пешрафта ҳам дар ин сол танҳо 1. 5 дарсад рушд доштаанд.

Гузориши СБП дар бораи рушди иқтисодии Эрон

 

Сандуқи Байналмилалии Пул пеш аз ин баровард карда буд, ки рушди иқтисодии Эрон дар соли 2023 ба 3 дарсад хоҳад расид. СБП бо баёни ин ки далели рушди иқтисодии Эрон дар як  соли гузашта афзоиши тавлиди нафт буда, эълом кардааст, ки тавлиди нафти Эрон дар як соли гузашта аз 2. 7 миллион бушка дар рӯз фаротар рафта ва ин нишонгари афзоиши тавлиди 700 ҳазор бушкаӣ дар муқоиса бо қабл аст.

Сандуқи Байналмилалии Пул ҳамчунин пешбинии худ аз рушди иқтисодии Эрон дар соли 2024 – ро 3. 7 дарсад эълом кардааст.

Тамҷиди СБП аз рушди иқтисодии Эрон

 

Эътирофи СБП ба рушди физояндаи иқтисодии Эрон дар як соли гузашта дар ҳолест, ки санъати нафт ба унвони пешрони тавсеаи иқтисодии кишвар, пас аз оғоз ба кори давлати сездаҳум (давлати оқои Раисӣ) бо вуҷуди ташдиди таҳримҳои Ғарб тавониста бо афзоиши қобили тавваҷуҳи тавлиди нафту фатҳи бозорҳои ҷадиди содиротӣ, зимни ҷуброни касрии буҷет, заминаи равнақи иқтисоду санъати кишварро фароҳам кунад.

Ин иқдомот дар ҳоле сурат мегирад, ки маҷмӯаи Вазорати нафту ширкати миллии нафти Эрон пештар низ муваффақ шуда буд то бо музокироти печида, ҳудуди 90 миллион бушка нафти захирашуда бар рӯи об дар давлати қаблро ба фурӯш бирасонад ва манобеи арзии ҳосил аз фурӯши нафту меъоноти газиро низ ба иқтисоди кишвар тазриқ кунад.

Нигоҳе ба амалкарди яксолаи санъати нафти Эрон гуёи ин воқеият аст, ки ширкати миллии нафт тавонистааст бо иттихози тасмимҳои муассиру роҳбурдӣ, ба наҳви муассире вазоифу масъулиятҳои худро ба саранҷом бирасонаду гоми баланде дар равнақу шукуфоии Эрон бардорад. Ба тавре ки ба гувоҳи омори расмии эъломшуда, аз сӯи Бонки Марказии Эрон, саҳми нафту газ аз сабади рушди иқтисодии Эрон дар ин муддат ҳудуди 20 дарсад буда, ки аз ҷаҳиши қобили таваҷҷуҳе дар миёни дастгоҳҳову бунгоҳҳои иҷроии Эрон бархӯрдор будааст.

Арзоварии 16 миллиард долларии Эрон аз бахши петрошимӣ дар як соли гузашта ва саҳми чашмгири ин бахш дар тавлиди нохолиси миллии Эрон дар ҳамин росто арзёбӣ мешавад.

Бо ин авсоф, ҳарчанд гузориши ахири Сандуқи Байналмилалии Пулро метавон нишонае аз ҳаракати рӯ ба пеши иқтисоди Эрон донист, аммо бояд дар назар дошт, кишваре монанди Эрон, ки зарфиятҳои фаровоне дар бахшҳои мухталиф монанди маъдан, тиҷорат, туризм ва транзит дорад, метавонад бо рафъи мавонеъ дар масири тавсеаи ин бахшҳо, заминаи рушду тавсеаи иқтисодро дар кутоҳтарин замон дубаробар кунад.

 

Барчасп