Март 01, 2024 12:46 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳур раъйи худро ба сандуқ андохт

Раисиҷумҳур бо ҳузур дар шуъбаи раъйгирии Вазорати кишвар, раъйи худро ба сандуқ андохт.

Ба гузориши “Скай нюс”, оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон бо ҳузур дар шуъбаи ахзи раъйи Вазорати кишвар, раъйи худро ба сандуқ андохт.

Вай бо баёни ин ки интихобот мавлуди инқилоби исломӣ аст, гуфт: Раъйи мардум таъйинкунанда аст, тамоми бахшҳои кишвар бо раъйи мардум рақам мехӯрад ва ин аз ифтихороти низоми исломӣ аст. Аз рӯзи аввале, ки имом фармуданд, мизон раъйи миллат аст, то имрӯз мизон раъйи миллат будааст.

Раисиҷумҳур баён кард, ин интихобот ҷашни миллӣ ва намоди инсиҷому ваҳдати миллӣ аст ва ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ имрӯз бо номзадҳое ки доранд, омадаанд то як рӯзи бошукӯҳеро барои миллати Эрон рақам бизананд.

Вай афзуд, тафовути интихобот дар Эрон бо дигар кишварҳо ин аст, ки ҳам номзадҳо ва ҳам раъйдиҳандагон ҳар ду бар асоси таклиф амал мекунанд, яъне вазифаи худ медонанд, ки номзад шаванд ва раъй диҳанд, аз ин рӯ пирӯзи ин майдон миллати Эрон аст ва бозанда надорад, чӣ касоне раъй биоваранд, чӣ раъй наёваранд. Чун амал ба таклиф карданд ва он иборат аст аз ҳузур дар интихобот.

Интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ аз соати 8 субҳ дар саросари кишвар ва дар ҳудуди 60 ҳазор шуъбаи ахзи раъй оғоз шуд.

 

Барчасп