Чолишҳои ҷаҳон дар соли 2017
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11245-Чолишҳои_ҷаҳон_дар_соли_2017
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, терроризм, идомаи буҳрони Ховари Миёна, буҳрони муҳоҷират ва оғоз бакори раисиҷумҳури мунтахаби Амрикоро муҳиммтарин чолишҳои пеши рӯи ҷаҳон, дар соли 2017 донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 05, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Чолишҳои ҷаҳон дар соли 2017

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, терроризм, идомаи буҳрони Ховари Миёна, буҳрони муҳоҷират ва оғоз бакори раисиҷумҳури мунтахаби Амрикоро муҳиммтарин чолишҳои пеши рӯи ҷаҳон, дар соли 2017 донист.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар ёддоште дар рӯзномаи “Ҷоми Ҷам” чопи Теҳрон навишт, ҷаҳони 2017  чашмандозе бадтар аз ҷаҳони 2016 хоҳад дошт, чаро, ки чолишҳое монанди терроризм, хушунатталабӣ, ифротгароӣ ва ишғолгарӣ ҳамчунон ба идомаи буҳронҳо дар ҷаҳон кӯмак мекунад.

Вай тасреҳ кард, идомаи иқдомоти террористӣ дар Ховари Миёна, Аврупо ва соири нуқоти ҷаҳон, кӯчи гурӯҳҳои террористӣ аз Ироқ ва Сурия ба дигар кишварҳо бо ҳадафи ташкили ҳастаҳои террористии ҷадид аз муҳиммтарин чолишҳо дар соли 2017 хоҳад буд.

Қосимӣ афзуд, идомаи буҳрон дар Ироқ, Сурия ва Яман, идомаи сиёсатҳои хасмонаи Арабистон дар минтақа, идомаи буҳрони муҳоҷират дар Аврупо ҳамзамон бо нооромӣ ва танишҳо дар шимоли Африқо ҳам ба унвони муҳиммтарин чолишҳои минтақа ва Аврупо дар соли 2017 боқи хоҳад монд.

Қосимӣ ҳамчунин ношинохта будани Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико ва ғайримунтазира будани тасмимоти вай, дар қиболи буҳрони иқтисоди кишвараш, мавзӯи тавофуқи ҳастаии Эрон, муноқишаи тиҷорӣ бо Чин ва тамоюлаш барои танишзудоӣ бо Русияро, дорои паёмадҳои хатарнок барои ҷаҳон донист.