Март 10, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • Аз байнбурдани бузургтарин шабакаи ихлолгари молӣ ва қумори онлайни муртабит бо Англистон
    Аз байнбурдани бузургтарин шабакаи ихлолгари молӣ ва қумори онлайни муртабит бо Англистон

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шиносоӣ ва аз байнбурдани бузургтарин шабака созмонёфтаи қумор ва шартбандии интеренти, ки тавассути мабодии мустақар дар хориҷ аз кишвар муртабит бо Англистон мудирият ва роҳбари мешуд хабардод.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати иттилооти Эрон рузи шанбе дар иттилоъияӣ эълом кард: Дар пайи 14 моҳи таҳқиқот ва расадҳои печидаи иттилоотӣ ва бо мусоидати қувваи қазоия ва бонки марказӣ, бузургтарин шабака созмонёфтаи қумор ва шарти бандии интеренти, ки тавассути мабодии мустақар дар Англис мудирият ва роҳбари мешуд шиносоӣ ва мунҳадим шуд.

Вазорати иттилооти Эрон афзуд: Ин шабакаи мафияӣ ланданнишин барои иғвои қуморбозони таммоъ, бахше аз вуҷуҳи дарёфти аз онҳоро ба унвони оидии қумор ба ҳисоби қуморбозони ворез ва бахши калониро ба Англис мунтақил мекард ва тавониста буд маблағҳои калони аз сармояҳои риёлӣ ва арзии кишварро дар ихтиёр бигирад.

Барасоси ин гузориш фасоди шабакаи мустақар дар Англис сирфани маътуф ба аъмоли табаҳкоронаи молӣ ва пулшуи набуд, балки музоф бар он ба дунболи шаклгирии ҷараёнии расонаӣ барои қубҳзудоӣ аз арзишҳои исломӣ- эронӣ ва одисозии фарҳанги мунҳатии қумор дар ҷомеъаӣ исломии Эрон буданд.

Вазорати иттилооти Эрон таъкид кард: Неруҳои амниятӣ бо ҳукми марҷаъи муҳтарами қазоӣ, панҷ мудури дохилии шабакаи мавсум ба "Nitro bet" ва даргоҳи молии мавсум ба пардохт май "Pardakht.me"-ро ба иттиҳоми ихлол дар низоми иқтисодӣ, пулшуӣ, идораи қиморхона дар фазои маҷозӣ ва таҳсили мол аз тариқи номашруъ боздошт карданд.

Барчасп