Дидори вазири кишвари Эрон бо раиси Кумитаи шароити фавқулода ва дифои шаҳрвандии Тоҷикистон
(last modified 2024-03-11T07:37:38+00:00 )
Март 11, 2024 12:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири кишвари Эрон бо раиси Кумитаи шароити фавқулода ва дифои шаҳрвандии Тоҷикистон
    Дидори вазири кишвари Эрон бо раиси Кумитаи шароити фавқулода ва дифои шаҳрвандии Тоҷикистон

Вазири кишвари Эрон бо раиси Кумитаи шароити фавқулода ва дифои шаҳрвандии Тоҷикистон дидор кард .

Аҳмади Ваҳиди вазири кишвари Эрон дар бораи дидори худ бо як масъули тоҷикистонӣ дар Твиттери худ навишт :

Дар дидори раиси Кумитаи шароити фавқулода ва  дифои шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтам ки Эрон аз зарфиятҳои хуби имдодӣ бархӯрдор аст ва ҳамкориҳои дутараф метавонад ба ҳамафзоии ин зарфиятҳо мунҷар шавад .

Вай афзӯд : Минтақаи дастхуши балоҳои табии мисли сел , хушксолӣ ва зилзила аст ; ҳамкории дукишвар метавонад осори ин буҳронҳоро коҳиш диҳад .